Бахтномаи миллати тоҷик

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади тақдирсозро ҳамчун ҳуҷҷати равшангари роҳи ҳаёти мардум арзёбӣ намудаанд, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад:

“Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст”.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст, зеро меъёрҳои он зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштаанд. Тағйиротҳое, ки бо назардошти тараққиёти ҷомеа солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия ворид гардидаанд, ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, барои расидан ба марҳилаи навбатии инкишофи ҷомеа, демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намуданд.

Бисту шаш сол инҷониб дар кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсия таҷлил карда мешавад.  Рӯзи Конститутсия ҷашни хуҷастаи миллию давлатӣ буда, аз тантанаи адолату хирад ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд башорат медиҳад.

Имсол ҷашни солагарди қабули Конститусияи мамлакат дар рӯзҳое таҷлил мегардад, ки ҳамаи мову Шумо таҳти таъсири пурфайзи маросими бошукӯҳи  савгандёдкунии Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорем. Зеро бо баргузории маросими мазкур марҳилаи нави рушду шукуфоӣ ва созандагию бунёдкорӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардуми шарифи Тоҷикистон оғоз гардид, ки ҳамаи ин бевосита аз татбиқи муқаррароти Конститутсияи мамлакат сарчашма мегирад.  Бинобар ин, Конститутсия шаҳкитоби бахту иқбол ва саодатномаи миллат мебошад.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои  асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.

Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид. Бинобар ин, Конститутсияи мо аз ҷумлаи беҳтарин конститутсияҳои замони муосир буда, мо дар заминаи он ба муваффақиятҳои бузург ноил гардидем».

Ба шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Конститутсия дар бароварда гардонидани орзуву ормони халқи Тоҷикистон, пойдорию бардавомии давлатдории миллӣ ва сулҳу Ваҳдат кафили рушди устувори ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳсуб меёбад.

 Ҳакимбой Алиматов,

 устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *