Санади сарнавиштсози миллат

27 июни соли 1997 дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёди мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва мо ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.

Ин санаи тақдирсозе аст, ки бо маънии томаш ҳамчун санаи саодатофар ва оғози созандагиҳои бузург мебошад. Дар ин рӯзи саид пас аз қаҳрамониҳову ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Зеро маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдати комил дар Тоҷикистон ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошта шуд.

Таърих гувоҳ аст, ки маҳз ба шарофати барқарор шудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар таърихи навини ҷумҳуриамон даврони нави созандагию бунёдкорӣ оғоз гардида, имконият фароҳам омад, ки барномаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ аз ҷумла, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ татбиқи худро ёбанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр доштанд, ки арзишмандтарин неъмати даврони Истиқлолият суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ ба шумор рафта, ҳамаи дастовардҳои мо ба он алоқамандии зич дорад.

Алҳол сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд, то дар кишварҳои ҷангзада сулҳу оромиро барқарор созанд..

Имрӯз дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат мо дар бораи корнамоиву ҷоннисориҳои Сарвари муаззами кишвар муӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукргузорӣ ҳарф мезанем, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ сулҳро барқарор намуданд ва мардум Ватанро обод карда истодааст.

Ҳоҷиев А., устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *