Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳост!

Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёди Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Ин санаи воқеан таърихӣ барои халқи азизи мо бисёр муҳим мебошад, зеро он давлати ҷавону соҳибистиқлоли тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо намуд ва ибтидои раванди барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилӣ ва созандагии Ватани маҳбубамон гардид.

Ваҳдати миллӣ асоси оромию осудагии мардум дар саросари кишвари маҳбубамон буда, тоҷикистониёнро бо мафкураи ягонагӣ, бародариву баробарӣ сарҷамъ кардааст. Ваҳдати миллӣ омили бузурги Истиқлолияти давлатӣ гардида, баъдан барои рушду нумӯи кишвар дар тамоми соҳаҳо аз ҷумла иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳангу таърих заминаи мусоид фароҳам меоварад. Тамоми дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо шарофати пойдории Ваҳдати миллӣ дар кишвар торафт густариш ёфта истодааст. Қайд бояд намуд, ки дар партави ғояҳои Ваҳдати миллӣ, тоҷикистониён аз худшиносиву худогоҳии хеш бохабар гардида, арзиши Истиқлолияти давлатиро яке аз арзишҳои пурғановат донистаанд. Маҳз Ваҳдати миллӣ мардуми парокандаи Тоҷикистонро пас аз солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳам овард ва муттаҳид намуд. Ҳар як порчаи Ватан, ҳар як хору хаси он баҳри тоҷикистониён муқаддас гардидааст ва имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик аз ин арзиши гаронбаҳо бахту саодати хешро чашида истодаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тибқи маълумоти Созмони милали муттаҳид Тоҷикистон дар радифи дигар мамлакатҳои пешрафта рушду нумӯъ карда, торафт сатҳи камбизоатӣ паст шуда истодааст. Дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккули минбаъдаи ҷомеа ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои онҳо тамоми шароитҳои таҳсилро муҳайё намудааст. Мусаллам аст, ки ҳоло дар ҷаҳон илм бо суръати кайҳонӣ пеш меравад ва ҳар рӯз техникаву технологияҳои навтарин ихтироъ мешаванд. Дар чунин шароит ба ҷавонони мо зарур аст, ки пойбанди расму ойинҳои хурофотӣ нашаванд, балки аз дастовардҳои муосири илму техникаи ҷаҳон огоҳии бештар пайдо кунанд, диду назар ва ҷаҳонбинии худро вусъат бахшанд, бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гарданд ва ҳамқадами шоистаи замон бошанд. Бо гузашти солҳо мо амиқан дарк кардем, ки Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи истиқлолият ва Ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморем. Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем. Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Ватани азизамон Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид. Раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд.

Шогунбеков М., устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *