Фирефтаи афкори бадхоҳони миллат намегардем!

Мо сокинони кишвар тариқи телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» -ро тамошо карда, аз хиёнату ҳамоқати бадхоҳони миллат воқиф гаштем.

         Ин филм оид ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзат, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, ҳикоят мекунад.

Дидани манзараҳои ваҳшатангез, терори чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии тоҷик, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, гарвгонгирӣ ва харобу валангор намудани манзилҳои зисти сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои 90-ум ва баъди он наҳзатиҳо анҷом доданд, дар зеҳни ҳар бинанда андешаи онро ки «тоҷик ба чунин вахшиёнат қодир нест, магар инони ақли худро ба дасти бегонагон дода бошад» бедор мекунад. Бо доштани чунин собиқаи талх ва шум имрӯз ҳам иддае дар шакли гурӯҳҳакҳои ба ном мухолиф пойгаҳи дари аҷнабиёнро манзил карда, аз худ инсондӯст, ҳомии ҳуқуқи инсон метарошанд ва дубора мехоҳанд саҳнаҳои мудҳиши таърихиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол такрор кунанд.

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ихтилофу бадхоҳии душманони миллат боиси кушта шудани 150 ҳазор нафар сокинони осоишта, гуреза шудани беш аз 1 миллион мардуми кишвар, ятим мондани 55 ҳазор кӯдак, бефарзанду бесаробон мондани беш аз 25 ҳазор занону модарон гардида, ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 миллиард доллар зарар расониданд.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бори дигар пардаро аз рӯи хоинони миллати тоҷик бардошт. Ин филм ҳар як фарди ватандӯстро водор менамояд, ки ба қадри сулҳу ваҳдат бирасем ва фирефтаи афкори бадхоҳону бадандешон нагардем.

Қаюмов А.,

Азимов А.,

Раҷабов Р.,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *