ХИЁНАТКОР ВА АФРОДИ КАЗЗОБ

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир вазъият дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон  боз ҳам мураккабу ҳалокатбор ва боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардидааст. Ин ҳолатро душманони миллат ба манфиат худ истифода бурда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳамчун “сиёсатмадору ҳақиқатҷў”  муаррифӣ мекунаду бо таври худ хулосабарорӣ намуда, ғояҳои ифротӣ паҳн карда истодаанд. Дурўғпардозӣ ва дасисабозиии хоинони миллат асосан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди роҳандозӣ қарор дода мешаванд. Масалан яке аз пайравони ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддини дурўғгў, ки бозичаи дасти хориҷиён асту дур аз ватан истода, бо мақсади ноором сохтани вазъияти сиёсию ичтимоӣ ва нисбати роҳбарони ҷумҳурӣ, вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ бештар тариқи  барномаҳои ифротӣ бо номи “Пайванд” ва ”Минбари муҳоҷир” фаъолияти тахрибкоронаашро ба роҳ мондааст. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки дар давоми моҳи сентябри соли равон Муҳмадиқболи каззоб дар яке аз баромадаш нисбати масоили интихоби Президенту вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лофи бемаънӣ зада, ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан кўшиш намуд. Дар рафти баромадаш оид ба вазъи кунунии Афғонистон низ  ибрози ақида намуда, баробари ин намояндаи ҷунбиши радикалии Толибонро трафдорӣ карда, нодуруст арзёби намуд. Аз суханрониҳои Муҳамадиқбол возеҳу равшан мушоҳида мешавад, ки ҳадаф аз роҳандозӣ намудан ва таблиғи андешаҳои ботил ин пеш аз ҳама ноором намудан ва рахна сохтан ба девори сулҳу субот, барҳам задани уммеду орзуи  мардум ва дар вазъияти ногувор гирифтор намудани ҷомеаи имрўза мебошад. Мутаассифона , сад афсус, ки душмани миллати тоҷик дар ҳамин сарзамини биҳиштосои мо ба воя расидааст ва чун каззоб бо фиребу найрангаш ба мардум ва  хоки сарзамини худ ва хиёнат мекунад. Дар интиҳои  суханҳои хоинони миллатро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки хиёнаткор ва афроди каззоб – Муҳаммадиқбол минбаъд дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯяд.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *