Сафари сулҳосои Пешвои миллат ба Бадахшон ва ғарази душманони миллат

Сафари тозафарҷоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҷониби мардуми ин вилоят хуш пазируфта шуд. Дар ин сафар аз тарафи роҳбари давлат анқариб дар тамоми навоҳии ВМКБ биноҳои маъмурии сохтору идораҳо ва макотиби навбунёд бо шароити замонавию муосир кушода ба истифода дода шуд.

Аммо, ҷониби неруҳои носолим ва кинатӯз, ки берун аз хоки кишварамон фаъолият мекунанду худро ҳамчун пуштибон ва ҳомии миллату халқи тоҷик муаррифӣ менамоянд, ин иқдоми наҷиб ва беғаразро ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода бурда истодаанд.
Бахусус матолиби охирине, ки гирди ин масъала аз ҷониби намояндагони мухолифин, аз ҷумла ҳаракати иғвоангези Паймони миллии Тоҷикистон дар сомонаҳои интернетӣ ба табъ расидаанд, бори дигар исботи он аст, ки ин иддаи дорои ғаразҳои нопок дар сулҳу суботи кишвари азизамон на ин ки манфиатдор балки ризо нестанд. Онҳо дар акси ҳол миёни халқу миллати Тоҷикистон тухми низоъ кошта, бо чунин кирдори худ мақсади дигарбора ба вартаи нооромӣ кашонидани мамлакати азизамонро доранд.

Аз ҷумлаи ин «родмардони миллат»  Алим Шерзамонов тавассути фейсбук ва равзанаҳои иҷтимоии ғайрирасмӣ овозаҳои бардурӯғ паҳн намуда истодааст, ки гӯё мақомоти қудратӣ барои гузаронидани амалиёти низомӣ дар шахри Хоруғ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд. Вале, ин суханон бепоя ва беасос мебошанд, зеро ҳаёт дар  ВМКБ бо маҷрои худ гузашта истодаасту, дар руҳияи мардуми маҳаллӣ ягон нороҳатӣ, тарсу ҳарос эҳсос намегардад. Баръакс, тамоми қишри ҷомеаи Бадахшон барои ҳамкорӣ бо ҳокимияти маҳаллӣ изҳори омодагӣ намуда, ҷиҳати иҷро намудани супоришҳои Президенти кишвар саҳми худро гузошта истодаанд.

Гуфтаҳои исроркорона нисбати он, ки дар шаҳри Хоруғ “Ситоди генералӣ” таъсис дода шудааст, сатҳи пасти дониши Алим Шерзамоновро нишон медиҳад.  Қайд кардан бамаврид мебошад, ки ин зумра шахсон барои рушду нумӯи кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ягон кори сазовореро анҷом надода, баръакс кӯшиши ҷумҳурии моро дар арсаи байналмилалӣ бадном намуданро ба худ касб намудаанд.

Вобастагӣ ва побанд будан  аз хоҷагони хориҷӣ ба онҳо илоҷе боқӣ намемонад, чунки маблағҳои аз ҷониби хоҷагонашон ҷудошуда бояд бо илоҷе сарф карда шуда, ба онҳо ҳисобот дода шавад.

Бо он, ки ҳамсафони Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов дар барангехтани иғво ва низоъҳои мусаллаҳона таҷрибаи бой доранд, иқрор кардан зарур аст, ки тамоми саъю кӯшиши онҳо барои ноором сохтани вазъияти шаҳри Хоруғ ва дар ин замина истифода намудани Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳамчун ҳудуди мобайнӣ дар таҳвили ҷангиёни гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла “Давлати исломӣ” ба Тоҷикистон аз хоки Афғонистон равона карда шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки агар сокинони шаҳри Хоруғ сиёсати одилонаи Президенти Тоҷикистонро дастгирӣ намекарданд, ба ҳеҷ ваҷҳ соҳибихтиёрона барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, хусусан супоридани аслиҳа даст намезаданд. Бо боварии комил изҳор доштан мумкин аст, ки ирода ва матонати ватанпарастонаи мардуми Бадахшон ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки чунин дасисаҳои душманона амалӣ гашта, вилоят ба майдони ҷанг табдил дода шавад.

Ассистенти кафедраи
баҳисобгирии бухгалтерӣ
таҳлил ва аудит Баротов Ҳамза

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *