Ба дасисаи И. Ёқубов бовар накунед!

1 Leave a comment on paragraph 1 0 Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи Тоҷикистон ва бозгашти собиқ мухолифин, аз ҷумла аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва мавриди авф қарор гирифтани онҳо матолиби зиёде ба нашр мерасад. Дар ин навиштаҳои беасосу бепоя, ки аз воқеият хеле дуранд, Ҳукумати кишварро бар он гунаҳкор мекунанд, ки ба аҳду паймони худ устувор наистода, бозгаштагонро мавриди таъқибу фишор қарор медиҳанд. Аммо, дар асл воқеият дигар аст.

2 Leave a comment on paragraph 2 0 Мисоли равшани он маводе бо номи “Авфи Мирзохӯҷа Исмоилов зери суол рафт” мебошад, ки дар сомони интернетӣ  ҷой дода шудааст. Дар Тоҷикистон тибқи қонуни авф бисёре аз шаҳрвандон озод карда шуданд ва аз ҷумла теъдоде аз ҳамватанони мо, ки теъдодашон аз 200 нафар изофа мебошад, ба ватан баргашта, ба ҳаёти осоишта машғуланд ва ҳеҷ гоҳ таъқибу фишор нисбати онҳо раво дида намешавад.

3 Leave a comment on paragraph 3 0 Ҳамакунун дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаи сокини ноҳияи Мастчоҳ Мирзохӯҷа Исмоилов бо номи “Илҳом Ёқубов маро гумроҳ кард” нашр гардидааст, ки гуфтаҳои дар боло зикр гардидаро тасдиқ менамояд.

4 Leave a comment on paragraph 4 0 “Ман – Мирзохӯҷа Исмоилов, хатмкардаи МТМУ 11-и ноҳияи Мастчоҳ, соли 2015 ҷиҳати муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москва рафтам. Илҳом Ёқубов, намояндаи ТТЭ ҲНИ аз шаҳри Хуҷанд барои ман ҷиҳати ба кишвари Литва ва аз онҷо ба сарзамини Полша рафтан раводид омода кард. Ҳамаи ин амалҳои зишту нопок тавассути “ҳамкорӣ” бо интернет ва ва истифодаи муғризона аз шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт. Ниҳоят, баъди ҳаллу фасли масъалаи мазкур як субҳи солеҳин аз шаҳри Маскав тавассути автобуси мусофиркаш баъди 12 соат ба хоки Литва расидем. Вақте ба Литва расидем, ки аллакай шаб буд. Субҳи дигар мо Литваро убур намуда, вориди марзу буми Варшава гардидем. Ба ин тариқ, кору фаъолияти ман оғоз ёфт; кор бо компютер, ҳадаф як: таблиғу ташвиқи ғояҳои ТЭТ ҲНИ.
Дере нагузашта маро аз маро аз Варшава ба Олмон, ба шаҳри Эсен фиристоданд. Дар инҷо то охири соли 2017 “кору фаъолият” намудам. Яъне ба ҳайси намояндаи ҲНИ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ корбарӣ мекардам”-омадааст дар изҳороти М. Исмоилов, ки баъди пушаймонӣ ба зодгоҳ баргашта, дар ҳалқаи волидайн сукунат дорад.

5 Leave a comment on paragraph 5 0 Баъдан бо тариқи телефони бо падару модар иртибот пайдо карда, изҳори пушаймонӣ менамояд. Бо ташвиқи волидайн ба зодгоҳ бармегардад. “

6 Leave a comment on paragraph 6 0 Ниҳоят, баъди пурсуҷӯи зиёд субҳи 1-уми октябр соли 2018 бо авфи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибдориҳои раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода ва хайрхоҳиҳои сохторҳои қудратӣ парвандаи ҷиноятии маро қатъ намуда, ба ман умри дубора ҳадия намуданд. Ва акнун ман дар озодии мутлақам, дар ҳалқаи ёру диёр ва хешу табор.

7 Leave a comment on paragraph 7 0 Мирзохӯҷа Исмоилов аз кирдорҳои содиркардааш изҳори пушаймонӣ карда, аз роҳи хато баргашт. Аммо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бадхоҳони миллат бозгашти ӯро дигаргуна тавзеҳ дода, зикр кардаанд, ки касе ба Тоҷикистон баргардад, ҳатман озору таҳқир мебинад. Аммо ҳақиқат дигар аст ва аз забони худи М. Исмоилов ва муроҷиати ӯ бармеояд, ки дар зодгоҳ дар назди аҳли оила осуда зиндагӣ дорад. Пас набояд фирефтаи афкори душманони миллат гардем. Ба сафсатаву афсонаҳои онҳо бовар кардан нашояд ва барои онҳое, пушаймонанду ба ватан баргаштанӣ ҳастанд, ҳамеша дари меҳру муҳаббат боз аст.

8 Leave a comment on paragraph 8 0 Ризоқулов Тӯрақул Рабимқулович,
доктори илмҳои иқтисод, профессор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *