Муроҷиатномаи устодони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ба кулли мардуми ВМКБ

Аҳли устодони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ вобаста ба вазъияти имрузаи ба амаломадаи дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба аҳли зиё ва маорифчиёни вилоят муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки набояд фирефтаи ақидаҳои зиддидавлатии гуррўххои мухталифӣ дасисакор шаванд.

Мо аҳли зиёи мамалакат ,ки бо касбу кори омўзгории худ набояд зиракии сиёсиро аз даст дод, зеро мо тарбиятдиҳандаи насли наврас ва ҷавононем. Тавре ки хамаамон дар ёд дорем, аз рўзхои аввали сохибистиклол гаштани Ҷумҳуриамон гурўҳҳои алоҳидаи сустиродаи кишварамон таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерўҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, Чумхуриамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд.

Ҷанги шаҳрвандие, ки шўрўъ гардид, натиҷаи тараққиёти ноҳамгуни иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар аз як тараф, омезиши омилҳои манфитарини маҳалгароӣ, мансабхоҳӣ, динӣ ва зиддидавлатӣ аз тарафи дигар буд. Вале табиати сулҳҷўёна ва характери миллии тоҷикон, ки хамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиаҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оѓози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кўдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд.

Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҷамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дўст муяссар гардид. Вале сад афсус , вақтҳои охир тариқи шабакаҳои гуногуни иттилоотӣ дар атрофи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хабар гуногун баргузор шуда истодааст,ки сиёсати имрузаи давлатдории моро халадор мекунанд. Воқеаҳои Бадахшонро таври обуранг мекунанд, ки гўё тамоми Тоҷикистон зидди ин мардуми ин минтақа мебошанд. Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар рузҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад

Рафтори разилонаи гурўҳҳои ҷиноятпеша, барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурўҳҳои ифротгарову ситезаҷў, бахусус дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ба ном исломии Ироқу Сурия шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. Ҷавонони раҳгумзадаву тираақл бояд дарк намоянд, ки гурўҳҳои манфиатҷў аз касодии зеҳни онҳо истифода бурда истодаанд. Ин ҷиҳат моро водор месозад, ки роҳи дурусти ҳалли мушкилоти пешомадаро ёбем. Таҳлилу мушоҳидаҳо бозгўи онанд, ки хоҷагони бурунмарзӣ ҷавононро ба гурўҳҳои худ ҷалб намуда, бо ин васила мехоҳанд сулҳу суботро дар кишвари мо халалдор созанд ва ҷомеаро ба гирдоби кашмакашиҳову нооромиҳо ѓарқ намоянд.Роҳбарон ва пешвоёни созмонҳои ифротгаро бо ҳар роҳ мехоҳанд ақидаҳои манфиатҷўёнаашонро ба зеҳни ҷавонон ҷой намоянд

 Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебахо ва мукаддас – вахдати миллиро пос нигох дорем, ба кадри он расем ва чавонони ватандўсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавхари ноёбро хифзу эхтиёт намоянд. Ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчӯбаи мазҳаби суннатии мо-ҳанафия мебошад. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафриқ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *