Сафари кории кормандони ДИС ДДТТ ба Донишгоҳи Лауреа (Laurea University of Applied Sciences), Финляндия

Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ фаъолияти худро бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар барои баланд бардоштани ҳамкориҳо дар самти илм, таълим, техника ва инноватсия боз ҳам беҳтар намуда истодааст.
Кормандони Донишкада ба Донишгоҳи илмҳои амалии Лауреа, (Laurea University of Applied Sciences), Финляндия, барои ба анҷом расонидани маҷмӯи чорабиниҳои байни Донишгоҳи Лауреа ва Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд, дар доираи Лоиҳаи Рушди таҳсилоти олӣ «Баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон-иқтисодчиён дар асоси ҷорӣ намудани принсипҳои раванди Болонӣ» (минбаъд ICEG) сафари кориро анҷом доданд. Лоиҳаи ICEG моҳи январи соли 2020 бо Донишгоҳи Истамбул Окан, Туркия ҳамчун шарики сеюм оғоз шудааст.
Мақсади асосии лоиҳаи ICEG ин байналмиллалӣ ва мутобиқ гардонидани фаъолияти таълимии донишкада ба талаботи фазои таҳсилоти олии Аврупоӣ мебошад.
Ҳангоми вохӯрӣ гуруҳи кории ДИС ДДТТ ба намояндагони Донишгоҳи Лауреа китоби «Тоҷикон»-и муаррихи барҷастаи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун туҳфаи хотиравӣ супориданд.
Сафари кории мазкур, дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, ба гуруҳи мутахассисони лоиҳаи ICEG имкон медиҳад, ки дар бораи фаъолият, вазифаву уҳдадориҳои сохторҳо, равандҳо ва усулҳои корбариро дар муҳити аслӣ, дар яке аз донишгоҳҳои беҳтарини инноватсионии илмҳои амалии Финляндия, Донишгоҳи Лауреа, санҷиш ва коромӯзӣ намоянд.
Дар акс (аз чап ба рост):
Саидқосим Мухторов – ассисенти лоиҳаи ICEG – и Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ;
Саидзода Ҳалим Азиз – ҳамоҳангсози лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан – директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ;
Элина Вайнио – менеҷери лоиҳаи ICEG аз Донишгоҳи Лауреа;
Иномҷон Аминов – роҳбари лоиҳаи ICEG;
Ану Линдстром ва Йурки Иннанен– коршиносони гуруҳи ICEG аз Донишгоҳи Лауреа.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *