Изҳороти устодон кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ ба сокинони кишвар вобаста ба вокуниши собиқ раиси ВМКБ оид ба ҳодисаҳоирӯзҳои 25-28 ноябр дар шаҳри Хоруғ

Ҳодисаҳои 25- 28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш гузошт. Шукри Худоро мекунем, ки ҳоло дар ин сарзамини азияткашида сулҳу оромӣ ҳукмфармост. Лекин ин ҳодисаҳои нангин барои тамоми шаҳрвандони кишварамон дарси ибрат шуданаш лозим аст.
Мо медонем, ки душманони халқу ватан ҳама вақт тайёранд, ки бо ҳар баҳонаи ночиз кишвари моро ноором созанд, мардумро ба гумроҳӣ андозанд ва ҳатто ҳокимияти қонуниро сарнагун кунанд. Дар Бадахшон дастаҳои ҷинояткори зархарид кайҳо сар бардошта, интизори фурсати қулай будаанд. Ё ин ки ин фурсатро худашон меофаранд. Моҳи марти соли 2020 бо маълумоти бардурӯғи Ҳабиб Маҳмадов, бо баҳонаи як шиносномаи хориҷии қалбакии Шоҳназарова Зӯҳро, ки гӯё ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода Абдусаттор, ваъда дода бошад, Гулбиддин Зиёбеков бо дастаи ҷинояткорон Абирзода А.-ро ғайриқонунӣ дастгир намуда, таҳқир мекунанд, дар муддати 8 соат лату кӯб намуда, ба видео сабт намуда, бо интернет паҳн мекунанд. Набудани ошкорбаёнии ин ҳодиса низ барои ин ҷинояткорон барои содир намудани ҷиноятҳои дигар кӯмак намудааст.
Дар видиеофилми бо номи “Нерӯи қонун”, ки дар он собиқ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов баромад намудааст бори дигар собит менамояд, ки Зиёбеков Г. дар содир намудани якчанд қонунвайронкунӣ ба монанди барангехтани ҳисси инсонбадбинии миллӣ, маҳаллӣ, ба прокуратура ҳозир нашудан мувофиқи даъватномаи расмии ҷустуҷӯ айбдор карда мешуд. Дар санаи 25.11.2021 амалиёти боздошткунӣ аз тарафи намояндагони ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуд ва дар он Зиёбеков Г. муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, ду нафар корманди милитсияро захмӣ намуд ва худаш низ захмӣ шуд. Дар беморхона Зиёбеков Г. ва корманди милитсия Гулназар Муродбеков вафот намудаанд.
Маҳз набудани ошкорбаёнӣ ба тарафдорони ҷинояткор Зиёбеков Г. имкон медиҳад, ки тӯдаи ҷавононро ба гуроҳӣ баранд. Аз номи мардум амалҳои ғайриқонунӣ содир намоянд. Ба монанди ташкил ва гузаронидани тазоҳуроти (митинги) ғайрирасмӣ, сарбозони расмиро лату кӯб намуда, силоҳашонро гирифтан, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳуҷум карда, дошта лату кӯб кардан, ба дидбонгоҳи сарҳад муташаккилона ҳуҷум овардан, ба муқобили роҳбарони шаҳр мардумро ҷамъ намудан, ба прокурори шаҳр авбошона ҳучум намудан, ба раиси шаҳр ва ёрдамчиёнаш сангпартоӣ намудан, автомошини давлатиро корношоям намудан, дарахтҳоро бурида, роҳи автомобилгарди байналмилалиро бастан, иқтисодиёти кишвар миллионҳо доллар зарари иқтисодӣ расонидан ва ғайра. Албатта ин кирдорҳо бе дастгирии хоҷагони хориҷӣ амалӣ намешавад. Спонсорҳои онҳо низ маълум гардид. Онҳо ба ҷиноятҳои содиркардаашон ҷавоб додан намехоҳанд ва амалиёти давлатии дастгиркунии ҷинояткорро ба аҳли ҷаҳон амали худсарона ва ғайриқонунӣ гӯён эълон мекунанд.
Мо устодони кафедра зимни изҳороти хеш пас аз намоиши видиофилми “Нерӯи қонун” ва бо шарҳу далели баромадҳои шоҳидон хулосабарорӣ намуда, пешниҳоди менамоем:
– фаъолият ва кирдори расонаҳои нияти баддошта нодуруст аст, онҳо бо ҳар роҳ мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро ноором гардонанд, ҷавононро бар муқобили сиёсати давлати қонунӣ бармехезонанд;
– мо аз ҳукумати кишварамон хоҳиш мекунем, ки гурӯҳҳи муташаккили Зиёбеков Г. ва тарафдорони ӯ дар ҳақиқат ҷинояткор ҳастанд ва онҳо бояд мувофиқи талаботи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд;
– расонаҳои бадхоҳ ҳоло ҳам мехоҳанд бо ҳар роҳ ҳақиқатро нодуруст нишон дода, ҷавонони кишварамонро гумроҳ кунанд;
– пас аз бетартибиҳои соли 2018 дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он корҳои зиёде вобаста ба корҳои ташвиқотӣ оид ба супоридани ихтиёрии силоҳ, мусодира кардани силоҳ ва маводи мухаддири ғайриқонунӣ, ба ҷазо кашидани нафарони ташкилкунадаи ин бетартибиҳо иҷро шудааст, ки дар бораи он бисёртар ошкорбаёнона навиштан лозим аст;
– ташкили чунин тазоҳурот, бетартибиҳо, ҷинояткориҳо мақсади аз нав барангехтани бетартибиҳои соли 2018 мебошад.
. Дар фарҷоми изҳороти худ қайд менамоем, ки мо мардуми Бадахшонро танҳо намегузорем.Умуман дӯст доштану ҳифз кардани ин сарзамини ачдодӣ, ободу зебо гардонидани ватани биҳиштосо, неруманду пуриқтидор сохтани давлати тоҷиконро бояд ҳар як фарзанди бонангу номуси ин марзу бум вазифаи имониву вичдонии худ шуморад ва дар ҳама чоӣ бо сарбаландӣ изҳор намояд, ки “Ман точикам! Ман вориси Исмоили Сомониву Балъамӣ, Рудакиву Фирдавсӣ, Хайёму Ҳофиз, Ибни Синову Мавлоно, Саъдиву Камол, Имом Fазоливу Имоми Аъзам ва садҳову ҳазорон фарзонаҳову алломаҳо ҳастам.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *