Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақолае бо номи “Сафари пурмасраф, аммо бенатиҷаи Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон” ба нашр расид, ки дар он муаллиф бо иғвову буҳтон ва далелу асноди носаҳеҳ исбот карданӣ мешавад, ки ин сафари Пешвои миллат аслан бебарор буд ва ба ҷуз хароҷоти буҷа ҳеҷ самаре ба бор наовард. Мо аминем, ки ҳар сафари Президенти кишвар ба хориҷи кишвар аз манфиат холӣ нест. Дар баробари муаррифии Тоҷикистон як қатор шартномаҳои муҳим ба имзо мерасанд, ки албатта пеш аз ҳама ба манфиати давлату миллати мо мебошанд. Аммо, мутассифона, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз мухолифони ноогоҳ сафари расмии Сарвари кишварро таҳлил намуда, онро зиёновар тавзеҳ додаанд, ки ба ин андешаи пурғарази онҳо мо комилан мухолифем.
Тавре ҳамаи сокинони кишвар иттилоъ доранд, бо даъвати Ҳукумати Япония дар санаи 3-5 октябри соли 2018 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Япония баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ аҳаммияти “Изҳороти муштарак доир ба шарикии нав миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония”, ки зимни сафари расмии Сарвазири Япония ба Тоҷикистон дар октябри соли 2015 қабул гардида буд, таъкид карда, рушди тадриҷии муносибатҳои дуҷонибаро дар натиҷаи ин сафар ва ҳолати кунунии равобитро баланд арзёбӣ намуданд.
Зимни нишасти матбуотӣ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки кишвари ба мо дӯсти Япония дар силсилаи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой ва мақоми муҳим дорад. Сафари имрӯзаи мо идомаи мантиқии муколамаи сиёсии ҷонибҳо дар сатҳҳои олиӣ ва баланд мебошад, ки тайи солҳои охир хислати мунтазам пайдо кардааст.Ҳадафи асосии он арзёбии вазъи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония ва таҳияи василаву тариқаҳои рушди онҳо дар оянда мебошад.Мехостам изҳор намоям, ки натиҷаҳои дар Эъломияи муштараки ҷонибҳо инъикос ёфтаи музокироти имрӯза бо интизориҳои мо аз сафари кунунӣ мутобиқанд. Мо як силсила санадҳои дуҷонибаро ба имзо расонидем ва итминон дорем, ки дар ояндаи наздик онҳо шакли иқдомоти амалиро хоҳанд гирифт.
Ҳамзамон зикр гардид, ки сарфи назар аз ҷараёни мусбати робитаҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун, дар ҷодаи густариши ҳамкориҳои судманд, аз ҷумла дар соҳаи тиҷорату иқтисод, Тоҷикистону Япония имкониятҳои фарохи ҳанӯз истифоданашуда доранд. Дар ин иртибот, ҷониби Тоҷикистон изҳор сохт, ки ният дорад дар симои кишвари дӯсти Япония шарики муҳимму тавонои тиҷоративу иқтисодии худро пайдо намояд.
Далелҳои дар мақолаи мазкур оварда шуда ба манфиати миллату давлат набуда, касро ба андеша водор месозанд, ки чаро ин ҳама дастовардҳоро мухолифин нодида мегиранд ва бештар дар фикри танқиду бадгӯиҳо нисбати давлати тоҷикон мешаванд. Албатта, ҳар сафар хароҷоти худро дорад ва сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба ин ё он кишвар истисно нест. Аммо фикр мекунем, ки ҳар сафари Пешвои миллат ба кишвар садҳо миллион доллар фоида меорад ва обрӯву нуфузи давлати моро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад. Мухолифин набояд ба имидж ва обрӯи кишвар бо ҳар гуна навиштаҳои буҳтономез латма ворид созанд, ба ин суханони танқидию ғайримунсифонаи онҳо дигар мардуми тоҷик бовар намекунанд. Мо бо Пешвои миллат бовар дорем ва ҳар сафари расмии Сарвари кишвари тоҷикон самараву пайомадҳои нек ба бор хоҳад овард.
Ҷамолиддин Ҷӯраев,
мудири шуъбаи ба қайдгирии ДИС ДДТТ