Изҳороти Бобоев Абдукарим муаллими калони кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ТТЭ ҲНИ ва роҳбарони фирории он

Ҳамаи мо хуб медоем, ки баъди табаддулоти давлатӣ ва даст задан ба амалҳои террористӣ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро чун ҳизби экстремистию терористӣ қатъ намуд.  Аммо роҳбарони фирории ТТЭ ҲНИ даъво доранд, ки мо дар ягон амали террористӣ иштирок надоштем ва нияти табаддулот дар андешаи мо набуд. Рафтору кирдори онҳо дар он солҳо нишон медиҳад, ки ТТЭ ҲНИ воқеан дар фикри ғасби қудрат буд ва бо дастгирии хоҷагони худ мехост ин корро дар кишвар ба роҳ монад.

Аз гуфтаҳои  собиқадори ҲНИ А. Сатторов ва аъзои фаъоли он Мулло Абдураҳим Каримов бар меояд, ки ин ҳизб бо маблағи хоҷагони хориҷиашон ба монанди Шайх Ҳасани Банно, Саид Қутб, Муҳаммад Қутб, Саид Ҳавво, Абдуллои Мавдудӣ ва чанде дигарон нақшаи сарнагунсозии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошт.

Гарчанде фаъолияти ин ҳизби бадхоҳи миллӣ манъ карда шуда бошад ҳам, вале намояндагони саргурези он аз хориҷи кишвар истода боз мехоҳанд, ки ҳаёти осоиштаи моро халалдор созанд. Барои ба ин мақсади манфури худ ноил гаштани онҳо бо бадномкуни сиёсати давлатии мо даст зада, таъинотҳои хоҷагони хориҷии худро иҷро намуда, бехабар аз онанд, ки онҳо ба ланъати халқу миллат гирифторанд!

Имрӯз дар хориҷи кишвар дур аз Ватану миллат ба сари халқи худ, ҳукумати конститутсионии он борони тӯҳматро рехта фикр намесозед, ки фарзандони шири софу поки модари тоҷикро чашида ба камол расидаро роҳгум зада, бо ваъдаҳои хушку холии худ он бегуноҳонро ба вартаи ҳалокат равона сохта истодаед! Охир модарон ба сад умеду орзу фарзанд ба воя мерасонанд, ки онҳо бо халқу Ватани худ хизмат намуда, дар айёми пирӣ асои дасти онҳо шаванд. Шумо бефарҳангон баҳри як луқмаи ночизи хоҷагони хориҷии худ ва орзӯи курсию мансаб, ки ба он ноарзанда ҳастед, ба рехтани ашки ҳасрати онҳо сабаб гашта, магар тарс аз дуои бади онҳоро надоред.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *