Мусаллам аст ,ки бо ҳидояту роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дастовардҳои беназир мушарраф шудем ва ҳамаи ин хушбахтӣ ва рангорангии ҳаёти ҷавонон аз баракати Сулҳу Ваҳдат аст. Вале мутаассифона гурўҳҳое ҳастанд, ки ба ин сулҳу субот бо чашми ҳасад менигаранд ва мехоҳанд бо ҳадафҳои касифашон(нопокашон) ҷомеаи суботёфтаи моро ба гирдоби нооромӣ ва бесуботӣ кашанд. Ин ҳолатро аз оинаи нилгуну шабакаи интернет ва маҷаллаҳо зиёд мехонем ва мушоҳида мекунем, ки ба равандҳои ифротӣ ҷавонони мо шомил шуда, чӣ бадбахтиҳои гўшношунидро барои худ ва барои хонаводаи худ ба майдон овардаанд. Мо устодони донишкада барои худ лозим донистем, ки роҷеъ ба ин равияҳои зишту номатлуб фикрамонро доир ба фаъолияти яке аз ТЭТ бо номи ҲНИ баён намоем. Аз суханрониҳои ивғоангезонаи ин гурўҳи таҳрибкор тариқи шабакаи интернет садо дода истодааст, ки худро “адолатпарвару “наҷобахши миллат” мешуморанд хуб мешуд, андеша кунанд…! Онҳо кистанд? ва кадом амалҳои некашонро халқи тоҷик медонанд ва дар арсаи байналмилалӣ ба ғайр аз хоҷии хориҷиашон боз кадом ашхосон онҳоро мешиносанд? Бо ибораи дигар иброз намуда, таъкид ба амал меорем, ки онҳо бояд доир ба дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол ва аз суханҳои шахсиятҳои барўманди давлатҳои абаркудрат, ки хело бо смимияти афзун нисбати сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат,Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои сазовор додаанд,андеша карданашон ҳатмист! Дар иртибот ба ин, ёдовар шудан бамаврид аст, ки собиқ Президенти Ҳиндустон марҳум Кочерил Раман Нараянан соли 2001 оид ба шахсияти Пешвои муаззами миллат чунин иброз дошта буд: “Моро кўшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Боварӣ дорем, ки ин кўшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдўсти Тоҷикистон самараи нек хоҳанд овард”.Бо назардошти чунин андешаварзӣ, фикри сареҳу равшани шахсиятҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ истиқболи ҳамаҷониба намуда, ҳамчунин тақозои онро дорем, кибе масълиати гурўҳи зикршуда ҳам муҳити сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон пок ва рукнҳои давлатдории он қоиму барпо хоҳанд истод. Алҳол Тоҷикистони соҳисбистиқлол аз ҳаргуна гурўҳҳо ба пешниҳоду маслиҳатҳояшон ниёз надорад.
Хулоса гуфтанием, ки ҷавонони тоҷик имрўз бояд дар таҳкими Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, дар ободонии Ватани азизамон собитқадам бошанд. Набояд фаромўш кард,ки чун имрўз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии фарзанди бузургаш, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сармеъмори сулҳ, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Мо, кулли омўзгорон ДИС ДДТТ ҷавонону толибилмонро дар рўҳияи худогоҳию худшиносӣ тарбия намуда, ба қадри ин сарзамини биҳиштосо, Истиқлолият ва неъмати бебаҳои он сулҳу Ваҳдат мерасем ва баҳри таҳкими пояҳои Ваҳдату Истиқлолияти давлати хеш минбаъд низ саҳм хоҳем гузошт.
Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд? Бигузор як хулосаи даркории худро дар мавриди аз даст кашидан аз гурўҳ ва ё умуман пош додани он бароранд.