СҲШ : ОМИЛИ МУҲИМИ СИЁСАТИ ҶАҲОНӢ

Роҷеъ ба баргузории ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ибрози андеша намуда, қайд менамоем, ки дар баробари ҷашни бузурги миллӣ –30 солагии Истиқлоли давлатӣ кишвари мо мизбони ду чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ – ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай  (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) гардида,маҳз ҷашни  20-умин солгарди  раёсати СҲШ-ро дар ӯҳда гирифт ва санаҳои 16 ва 17-уми моҳи сентябри соли ҷорӣ бо иштироки сарварони давлатҳо-аъзо ва мушоҳидон дар сатҳи хеле баланд таҷлил намуд. Воқеан, рост омадани раёсати Тоҷикистон дар СҲШ ба давраи ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 20-солагии ин созмони бонуфуз хело рамзӣ аст. Аз ҷониби дигар, Пешвои мауззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз аъзои фаъоли СҲШ ин навбат низ давраи раёсати худро дар созмон бо ибтикороти бисёр муҳиму навоварона ба анҷом расониданд, ки аз ҷониби сарони кишаврҳо баҳои баланд дода шуд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо аз расонаҳои хабарӣ  бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарогиреро бо беш аз 100 чорабинӣ рӯйи даст гирифтааст, ки онҳо таҳти раёсати кишвар дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки маҷмуи ин чорабиниву ташаббусҳо ба таҳкими суботу амнияти минтақа, ҳамкории самарбахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илму техника, энергетика, нақлиёт, туризм, ҳифзи муҳити зист, пешрафти кишварҳои узв мусоидат хоҳанд кард.

Бурди Тоҷикистон ҳамчун раисикунандаи созмони бонуфузи сатҳи минтақавӣ – СҲШ дар ин буд, ки роҳбари кишварамон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳоро сароҳатан ба вазъи Афғонистон низ ҷалб намудаанд. Таҷрибаи нодири сиёсӣ ва талошҳои Сарвари давлати Тоҷикистон ҷиҳати тасмимгириҳои дуруст оид ба Афғонистон дар ҷаласаҳои Шурои амнияти дастаҷамъии СААД ва Шурои сарварони давлатҳои узви СҲШ ба зуҳур омад. Пешвои муаззами миллат зимни музокироти сатҳи олӣ дар доираи нишасти созмонҳо ва мулоқот бо роҳбарони давлатҳо, бори дигар аз мавқеи Тоҷикистон дар масоили эътидоли вазъ дар Афғонистон пуштибонӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз суқути давлати Афғонистон ва ғасби ҳукумати ин кишвар аз сӯи гурӯҳи иртиҷоии «Толибон» мавқеи худро ошкоро баён намуда, эълон дошт, ки ҷонибдори ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми неруҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тоҷикон, дар ин кишвар аст. Ҳоло бо гузашти беш аз як моҳи ба қудрат расидани гурӯҳи «Толибон» дар Афғонистон ва режими ҷоришуда, давлатҳои аъзои СҲШ, СААД ва дигар мамлакатҳои минтақаву ҷаҳон ба ин натиҷа расиданд, ки танҳо ташкили ҳукумати ҳамашумул метавонад низом дар ин кишварро ҷорӣ намуда, таҳдиди хатарҳоро коҳиш диҳад. Ҳамин нукта низ дар суханронии роҳбарони давлатҳои узви созмони мазкур мавриди назари мо нуктаи калидӣ буд, ки ишора ба дурустии мавқеи Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон аст. Баррасии масъалаи мазкур ва умуман СҲШ дар муддати кӯтоҳи фаъолияти худ ба омили муҳими сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ заминаи зарурии қарордодию ҳуқуқӣ бунёд ва роҳу усулҳои самарабахши ҳамкорӣ муқаррар карда шуданд. Обрӯю эътибори байналмилалии созмон торафт афзуда, ҳамзамон, равобити берунии он густариш меёбад. Фаъолияти созмон таваҷҷӯҳи теъдоди бештари мамлакатҳоро ба худ ҷалб менамояд. Ҳамаи ин дастовардҳо  натиҷаи фаъолияти муштарак ва самарабахши ҳамаи давлатҳои аъзо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аксари коршинос инро таъкид кардаанд.

Дар интиҳои андешаи хеш бо итминони комил метавон қайд кард, ки давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷашни 20-солагии таъсисёбии он саҳифаи навро дар таърихи ин созмон мекушояд. Саммити Душанбегии СҲШ дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақа ва ҷаҳон такони ҷиддӣ бахшида, қарорҳое, ки давлатҳои аъзо қабул карданд, барои таъмини сулҳу субот дар ҷуғрофиёи созмон, таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳо нақши муассир хоҳанд гузошт.

 

 М.МАМАДҶОНОВА ,

ассистенти кафедраи

забонҳои тоҷикӣ ва русӣ 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *