ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оид ба баргузории чорабиниҳои бонуфузи аҳамияти байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе

Мо омӯзгорони кафедра оид ба баргузории чорабиниҳои бонуфузи аҳамияти байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ибрози андеша намуда, қайд менамоем, ки воқеан Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари таъсиргузор дар ҳалли масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва нидокунандаи сулҳ дар ақсои олам ҳафтаҳои моҳи  сентябри соли равон дар сархати расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ ва меҳвари таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт. Кишвари мо ба ин далел мавриди таваҷҷуҳ ва сари забонҳо буд, ки дар вазъияти бисёр печидаи авзои минтақа ду нишасти дорои аҳамияти байналмилалӣ – ҷаласаҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Шӯрои сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд раисикунанда ва мизбонӣ кард, ки натиҷаҳои он дар таърихи фаъолияти ин ду созмони бонуфуз ҳамчун фасли нави ҳамгироӣ ва таҳкими сулҳу субот рақам зада мешаванд. Аз ҷумла масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавию байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз қабили муҳимтарин мавзуъҳои нишасти Шурои амнияти дастаҷамъӣ буданд. Зимнан, вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақа аз масъалаҳои калидӣ ба шумор мерафт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа аз идомаи марҳилаи хатарноки пандемияи бемории сироятии коронавирус“COVID-19”   ва таъсири тулонии он ба иқтисодиёт ҳушдор дода, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳоро сароҳатан ба вазъи Афғонистон низ ҷалб намуданд. Сарвари давлат бори дигар ҳушдор доданд, ки вазъи фалокатбор дар Афғонистон бевосита ба амнияти Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Баробари ин қайд карданд, ки вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвари ҳамсоя ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад. Воқеан, изҳори назари Пешвои миллати тоҷикон оид ба Афғонистон ва хатарҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ҳамеша дар асоси таҳлилҳои амиқу пешбиниҳои дақиқ сурат мегиранд. Доираҳои огоҳи ҷомеа хуб дар ёд доранд, ки ҳанӯз қабл аз ҳодисаҳои даҳшатбори террористии 11 сентябри соли 2001 дар ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаклгирии терроризми байналмилалӣ дар Афғонистон ва хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор дода, аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи кишварҳои оламро ба ҳалли мушкилоти кишвари ҳамсоя даъват намуда буданд. Ҳоло бояд ба ин нукта диққат дода шавад, ки бетарафии дигарбораи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба моҷарои Афғонистон ва манфиатҷӯйии кишварҳои алоҳида дар ин сарзамин метавонад оқибатҳои фоҷиаборе дар пай дошта бошад. Дар робита ба ин таъкиди Сарвари давлатамон ёдовар мешавем : «Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тулонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиабори аз ҷиҳати миқёс баробар бо ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад. Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ аз вазъияти вилояти Панҷшер – ягона минтақаи пурра тасарруфнашудаи Афғонистон, ки ҳоло дар муҳосираи комил қарор дорад, изҳори нигаронӣ карда, зикр намуданд, ки гурӯҳи «Толибон» ба ваъдаҳои худ дар ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои маскуни ин кишвар амал накарданд. Дар идома дафъатан таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамаи шаклҳои беқонунӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад.

Тоҷикистон ҷонибдори ҷалби давлатҳои нозир дар Созмон ба соҳаи мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир дар доираи СҲШ мебошад. Бояд қайд кард, ки дар тӯли таърихи бистсолаи худ СҲШ ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав, ба сохтори нодири минтақавӣ мубаддал гашт, ки борҳо хусусияти умумибашарии худро дар ҳаллу фасли масоили сатҳи ҷаҳонӣ исбот кардааст. Ҷараёни рӯйдодҳои давраи ҷаҳонишавӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки ягон давлат ба танҳоӣ қодир нест, ки бо хатару таҳдидоти муосир муборизаи самаранок барад. Аз ин рӯ, кишварҳои аъзои СҲШ бояд дар пешгирии ин масъала дасти ҳам бигиранд.

Дар фарҷоми изҳороти хеш хулосабарорӣ намуда, бо ифтихор қайд менамоем, ки зимни суханрониҳо сарони давлатҳо дар давраи раёсати Тоҷикистонро тавсиф намуда, ба саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз асосгузорони СҲШ дар таҳкими эътибори байналмилалии он баҳои баланд доданд ва симои Тоҷикистонро бори дигар ба унвони як кишвари манфиатдори ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ собит намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *