Мулоқотро муовини директор оид ба таълими донишкада Машокиров Ш.У. оғоз намуда, меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфт. Сипас намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Дилошуб баромад намуда, зикр кард, ки нақши ҷавонон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ хеле назаррас аст. Ҳамчунин таъкид кард, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагарданд.
Имомхатиби масчиди ҷомеи Тақво Ҳомидов Хусрав дар баромади худ зикр кард, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии мамлакат бояд ҳарчи бештар ба илмомӯзӣ машғул шуда, барои ободии Ватани худ саҳмгузор бошанд. Номбурда гуфт, ки бояд ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил нагарданд ва баҳри пешгирӣ аз ин амалҳои номатлуб муборизаи беамон баранд. Ҳамчунин муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мансурова Замира суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми мулоқот 3 нафар донишҷӯёни донишкада баромад намуда, миннатдории худро ба меҳмонон барои чунин мулоқоту вохӯрии ошкоро баён намуданд.