Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳаби бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.
Ин вабои аср буда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири худро расонида истодааст. Яке аз падидаҳои номатлубе, ки имрӯз хусусан дар байни ҷавонон ба миён омада истодааст, терроризм ва ифротгарои мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуб буда боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад.
Дар ин ҷода Асосгузори сулҳу ваҳдати-миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олӣ қайд намуд, ки “Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем.
Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.
Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст.
Таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи моро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад.
Сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод.
Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Мо ин сиёсатро идома медиҳем ва дар ҷодаи таҳкими ҳамкориҳо бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон минбаъд низ чораҳои зарурӣ меандешем.[1]
Ибораи терроризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш «тарс», «таҳлука», «воҳима» буда он аз ҷониби ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан амалӣ карда мешавад.
Ҷавобгарӣ нисбати содир намудани падидаи номатлуб, терроризм, тибқи моддаи 179 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки:
Терроризм, яъне, содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ аз
яроқи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо, -бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Экстремизм – (аз калимаи франсузии «extremisme» ва лотинии «extremus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Экстремизм (ифротгароӣ) – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Чуноне аз адабиётҳои ватанӣ бармеояд, созмонҳои террористии “Абу –Нидал”, “Абу сайёф” ва “Аум синрике” (Ҷопон), “ХАМОС” (фаластин),, созмони баскҳои Испания бо номи “Ватан ва озодӣ” (ЭТА), “Ал-қоида”, “Артиши озодиҳохӣ миллӣ” (Колумбия), Созмони озодбахши Томил Илама (Шри-ланка, созмони “Бригадаҳои сурх” (Италия), “Толибон” (Афғонистон), “Боко харам”, “Ҷабҳат-ан-Нусраи аҳли шом” (Сурия), “Давлати исломӣ”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, “Лашкари тайиба” (Покистон), “Гурӯҳи салафии таблиғ ва ҷиҳод” (Алҷазоир), “Ал-ихвон ал муслимин” (Миср), “Ал-Ҳарамайн” (Арабистони Саудӣ) ва ғайра.[2]
Боиси қайд аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқи қабул гардидаанд, ки то пеши роҳҳои падидаҳои номатлуб аз ҷумлаи терроризм, экстремизм гирифта шавад.
Дар ин хусус тибқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст, муқаррар гардидааст. Инчунин тағйиру иловаҳои соли 2016 қабулгардида дар қисми 6 моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.[3]
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» аз 13 ноябри соли 1998[4] оиди маҳдудиятҳои таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ муқаррар гардидааст, ки дар он таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ аст. Ҳизбҳои сиёсӣ ва аъзои он дар фаъолияти сиёсиашон ҳуқуқ надоранд, ки аз ташкилотҳои динӣ истифода намоянд. Дар мақомоти амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, прокуратура, гумрук ва мақомоти андоз, адлия, судҳо ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, инчунин дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ таъсис додан ва фаъолият кардани ташкилоти ҳизбҳои сиёсӣ мумкин нест, инъикос меёбанд.
Ҳамин тариқ аз таҳлил ва омӯзиши доираи роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир чунин хулосаҳо ва пешниҳодҳо мухтасар бароварда мешаванд,ки зеринанд:
-Гузаронидани фаҳмондадиҳиҳо дар шаҳрҳо, шаҳракҳо, ноҳияҳо, деҳотҳо, деҳаҳо ва маҳалҳо.
– Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.
– Ташкил намудани ҷойҳои кори, кам кардани сафи бекорон ва коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ.
– Пурзӯр намудани таълиму тарбия дар оила, бетараф набудани ҷомеа ва давлат дар таълиму тарбия.
– Дуруст ба роҳ мондани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд.”
-Ҷори намудани таълими умуми асосии ёздаҳсола.
-Зиёд кардани маоши кормандоне, ки дар ҳамин самт кор мебаранд,ҳавасмандгардонии онҳо.
– Ба таври кофи назорати шабакаи интернетӣ аз ҷониби давлат .
– Бояд дар радиову телевизион филмҳо, намоишномаҳо таҳия ва намоиш дода шаванд, ки оқибати ногувори шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ нишон дода тавонанд.
Аз ин лиҳоз, мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифахои афзалиятноки давлат буда, вазифаи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи давлат инчунин вазифаи ҳар шахси ватандӯст мебошад.
Абдураҳмонова М.
ассистенти кафедраи Забонҳои хориҷии
ДИСДДТТ