Устодони кафедраи математика ва технологияи иттилотӣ филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”-ро тамошо карда, аз аъмоли бадхоҳони миллат ва кирдорҳои ваҳшиёнаи онҳо огаҳ гаштанд. Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», қисматҳои 4 ва 5, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои марказии телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш дода шуд, доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, маълумот медиҳад.
Наворҳои мазкур ба кирдорҳои разилонаи аз тарафи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ анҷомшуда бахшида мешавад. Онҳо тавассути роҳандозии ақидаҳои диниву сиёсии ҳизби мазкур, ки аз таълимоти ташкилоти дигари байналмилалии террористии «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, зидди давлату миллати хеш қиём карданд. Дар ҳамин асос, аз байни мардуми тоҷик нафарони зиёдеро гумроҳ карданд ва онҳо ба Ватани худ хиёнат карда, марзу буми кишварро ноором сохтанд.
Филми «Хиёнат» симои аслии наҳзатиёнро бори дигар ба мардуми тоҷик нишон дода, дасисаю иғвоангезии онҳоро фош сохт. Мардуми тоҷик бори дигар мутмаин гаштанд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ, бо хиёнати худ ба миллату давлати дар ҷомеа ҷойгаҳ нахоҳад ёфт.