ГУМРОҲ ВА ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ДАВРАИ  МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ, САБАБУ ШАРОИТҲОИ ОН

 

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2017 -ро соли ҷавонон эълон ва қайд карданд, ки ояндаи давлат дар дасти ҷавонон аст ва бояд давлат нисбати онҳо ғамхорӣ намоянд ва тамоми шароитҳои заруриро муайян кунанд.

Маҳз дар моддаи 35-и Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон оварда шудааст, ки ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад [1: 193].

Оид ба таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи кор дар давраи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, зеро меҳнати ҳалол, ин сарчашмаи асоси зисту зиндагонии халқ ба ҳисоб мерафт. Агар шахс бекор монад бо ӯ мақомоти шуғли аҳолӣ ва меҳнат корҳои заруриро ба роҳ монда бо ҷойи кор таъмин мекард. Нафароне, ки кор накарда ба тариқи фоидаи муфт зиндагӣ  кардан мехостанд, мақомоти дахлдор чораҳои заруриро андешида ба роҳи дуруст ҳидоят мекарданд.

Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) муносибатҳои ин давлатҳо дар муҳлати кӯтоҳтарин коста гардид, ки дар натиҷа соҳаҳои иқтисодии ин давлатҳо рӯ ба харобӣ овард. Робитаи корхонаю фабрикаҳо, ташкилоту муассисаҳо қатъ гардида аз истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дур гаштанд. Садҳо корхонаю фабрикаҳо аз набудани ашёи хом аз кор монда, фаъолияти хешро қатъ карданд, аз ташкилоту муассисаҳо кормандони касбӣ бо сабаби рӯз аз рӯз, паст гардидани сатҳи зисту зиндагонӣ, яъне сари вақт нагирифтани маоши арзанда, ҷои кори доимии худро тарк намуда, ба кофтукови ҷои кори нав шурӯъ карданд. Ҳамин тариқ, аз соли 1991 дар собиқ давлатҳои ИҶШС масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ авҷ гирифт, зеро танҳо меҳнати софдилона ва ҳалол метавонад, талаботи шахсро қонеъ намояд.

Боиси қайд аст, ки дар тӯли ҷанги шаҳрвандии дар кишварамон бавуҷуд омада, на ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, талаботҳое, ки дар давраи ИҶШС мавҷуд буд, чун пештара нигоҳ доштанд, барои ҳамин ҷанг кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногунро водор намуд, ки онҳо ҷумҳуриро тарк намуда ба Русия, Қазоқистон ва дигар давлатҳои хориҷа раванд. Ҳамаи ин омилҳо дар як муддат барои баланд шудани сатҳи дониши ҷавонон монеъгӣ намуд, омӯхтани забони русӣ, англисӣ ва немисӣ нисбат ба пештара коста гардид, ки ҳоло ҷавононе ҳастанд, ки умуман забони русиро намедонанд. Лекин, ҳаёт давом дорад ва қонуниятҳои худро тақозо мекунад, маълум аст, ки танҳо меҳнат шахсро ба қуллаҳои баланди ҳаёт оварда мерасонад.

Ғайр аз ин ба ҳамагон  маълум аст, ки халқи тоҷик аз қадимулайём миллати меҳнаткашу меҳнатдӯст буда, бекор худро тассавур карда наметавонад. Ҳамин тавр, ҳаёт тақозо намуд, ки ҳамдиёрони мо бо мақсади пешбурди хоҷагии худ барои дарёфти кор ба давлатҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва дигар  давлатҳои дуру наздик сафар карда бо меҳнат машғул шаванд. Албатта ҳар як давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳар як шаҳрванди хориҷӣ бо риояи талаботҳои қонуни амалкунанда ба ҳудуди давлати ӯ ворид гардад ва забони давлатии он кишварро донад, зеро надонистани забон ба мушкилиҳои зиёде оварда мерасонад. Ногуфта намонад, ки ҳар як давлат тарафдори он, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, ихтисоси касбӣ дошта  бошанд, зеро чунин муҳоҷирони меҳнатӣ барои ғанӣ гардониданӣ соҳаи иқтисодии ин ё он давлат саҳми хешро гузошта метавонанд.

Муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо хоси як кишвари алоҳида набуда, балки хусусияти глобалӣ дорад. Барои ҳамин на танҳо як халқи тоҷик бо муҳоҷирати меҳнатӣ машғул аст, балки ҷаҳони имрӯзаро бе он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин масъала тамоми кишварҳои дуньё, аз ҷумла ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Русия ва дигар давлатҳоро фаро гирифтааст. Чи хеле дар боло қайд карда шуд, на ҳамаи шаҳрвандони ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта бо кор таъмин мешаванд, зеро надонистани забон ё мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оиди доштани ихтисос ё умуман паст будани сатҳи дониш, малакаи корбарӣ ба монегиҳо оварда мерасонад.

Воқеаҳои ҳаётӣ ва инъикоси ин воқеаҳо дар воситаҳои ахбори омма нишон медиҳад, ки як қисми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Федератсия Русия бо сабаби наёфтани ҷойи корӣ, надонистани забон, ё паст будани сатҳи маърифат ва надоштани корбарии зиндагӣ аз он ҷо бармегарданд. Ҳамаи ин омилҳо моро водор менамояд, ки дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳар як фарди тоҷик кор кунад, то ки ин камбудиҳо бартараф карда шаванд. Вагарна даҳҳо ҳолатҳои нангин, ки ба сари оилаҳои тоҷик омад, такрор меёбад, яъне дар ҳудуди Федератсия Русия шахсоне, ки ба гурӯҳҳои террористӣ байналмиллалӣ ва ифротгароӣ шомил ҳастанд, он ҷавонҳое, ки ба ҳудуди Русия барои меҳнати ҳалол рафтаанд, ихтисоси касбӣ ва забонро намедонанд ва сарсону саргардон ҳастанд, онҳоро дарёфта ба доми худ медароранд. Ваъдаҳои калоне медиҳанд, ки гӯё дар кишварҳои Шарқи Наздик кори муносиб ҳаст ва маблағҳои калон мегиранд, аввал маблағи нахустинро дода, онҳоро ба боварии худ дароварда гумроҳ намуда, бо роҳи фиреб аз ҳудуди Русия ба давлатҳои Ироқу Сурия гирифта мебаранд. Ҳамин тавр ҳуҷҷатҳояшонро гирифта, мафкураи онҳоро тағйир медиҳанд. Умуман, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аксарияти ин ҷавонон сатҳи донишашон паст буда, аз оилаҳои носолим, ноустувор ва ё нашъаманданд, ҳангоми таҳсил дар мактабҳои ҳамагонӣ аз таълиму тарбияи дуруст дур монда, дар бораи муқаддасот ва арзишҳои миллии кишварамон умуман тасаввурот надоранд. Дур будан аз таъриху тамаддуни халқи худ, инчунин дур будан аз арзишҳои дини мубини ислом онҳоро камақлу пастбин кардааст ва дар орзуи ба ибораи худашон «дуруст», тоату ибодат ва хизмати шоиста кардан дар роҳи Худову расул онҳоро аз мақомоти ҷосусии хориҷӣ шахсони алоҳида бо роҳи фиреб ва ваъдаҳои бардурӯғ ба ҷаҳони дигар мебарад, ки оқибаташро ҳар рӯз тавассути воситаҳои ахбори омма дида истодаем. Рехтани хуни ноҳақ, талаву тороҷ гардидани молу амволи халқи оддӣ, ба марг расонидани садҳо кӯдакони бегуноҳ оварда мерасонад. Як қатор ҷавонони тоҷик, ки онҳоро бо роҳи фиреб ба он ҷо бурда шуда буданд, бо як азобу уқубат аз он ҷо гурехта баргашта омадаанд. Аз гуфтаҳои онҳо бармеояд, ки ба ғайр аз ҷавонон, занҳо ва фарзадони онҳо дар он ҷой қарор доранд, ки нияти баргаштан доранд, лекин шиноснома надоранд, зеро ҳуҷҷатҳои онҳоро террористон нобуд кардаанд.

Терроризм дар замони муосир яке аз ҷиноятҳои хавфнок буда, хусусияти байналмилалиро  ба худ касб намудааст. Мақсади асосии террористон – тезонидани миллатгароӣ, амалҳои озоди зиддиҷамъиятӣ ва барҳам додани давлатӣ дунявӣ ва барпо кардани ҷомеаи динӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, ба монанди  «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ал-Қоида», «Таблиғ», «Салафия» ва ғайра мебошад, боз як маротиба қайд кард, ки мақсади асосии онҳо сарнагун намудани давлати демократӣ ва барпо намудани давлати исломӣ мебошад. Ҳаёт нишон дода истодааст, ки ҳоло ҷавонони тоҷик дар ин гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил гардида дар бошишгоҳҳои тайёрии онҳо омодагии ҷангӣ дида истодаанд, ки роҳбарони ин гурӯҳҳо ҷавонони моро барои содир намудани актҳои террористӣ ба кишварҳои дигар сафарбар мекунанд. Пӯшида нест, ки қисман ҷавонони тоҷик айни замон дар сафҳои ин гурӯҳҳои ифротгаро бар зидди давлати Ироқу Сурия ҷангида истодаанд, ки шумораи ҷавононии тоҷик зиёда аз 200 нафар ташкил мекунад ва чанд нафари саркардагони гумроҳи онҳо дар сомонаҳои интернетӣ баромад карда, аз мавҷудияти хеш огоҳ карда истодаанд.

Боиси қайд аст,ки баҳри мубориза бар зидди чунин зуҳуроти номатлуб Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо созишномаҳоро ба имзо расонидааст, ба ғайр аз ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмиллалие, ки онҳоро Маҷлиси Олӣ ба тасвиб расонидааст, ба қонунгузории миллӣ ворид намудааст, ба мисли

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1998;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз 8 декабри соли 2003;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷиноятҳои муташаккилона» аз 28 декабри  соли 2013.

Мубориза бурдан бар зидди чунин зуҳурот, бе заминаи ҳуқуқи ғайриимкон аст, зеро чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии барои иҷро намудани вазифаҳои хеш барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зарур ва муфид мебошад. Лекин, мо бояд фаҳмем, ки ин кирдор хавфу хатар дорад ва тамоми ҷомеа бояд донад, ки роҳи ҳалли ин муаммо дар тамоми дунё бо воситаи силоҳу аслиҳа ҳал намегардад, ягона роҳ ин музокира, бартараф намудани сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба ин роҳ рафтан мусоидат кардааст, инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ мардум ва бо сабру таҳаммул ҳал намудан, имконпазир аст.

Бояд қайд кард, ки дар шароити имрӯза ташаккули ҷомеаи Тоҷикистон ва таъсири ҷаҳонишавӣ ба фарҳанги таърихии миллӣ, масъалаи муомилаи насли наврас дар оила, муассисаҳои то мактабӣ, мактабу муҳити беруна ва фазои иттилоотӣ дар таълиму тарбия ва солим ба воя расонидани онҳо аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Маҳз воситаи ахбори омма дар шароити ҳозира қувваю тавонои кофии муқовимат дошта, барои дохилшавии ҷавонон ба ҷанбаҳои номатлуби фарҳангӣ манфии бегона метавонад чора андешад, пешгирӣ накардани он ҷавононро ба ҷаҳони урфу одатҳои манфӣ ворид менамояд ва ақидаҳои онҳоро заҳролуд мекунад.

Бояд қайд намуд, ки дар шахс аз давраи кӯдакӣ ва наврасиаш заминаи бунёди шахсияти ӯ шакл гирифта, ин  қолаб дар замони томактабӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ инкишоф меёбад ва асосан чунин сифатҳо мавқеъ ва таҳкурсӣ шахсро дар ҷамъият муайян менамояд. Зеро, Ватанро аз сидқи дил дӯст доштан ва ватандорӣ аз донистани таърихи аҷдодӣ, забон ва фарҳангу суннатҳо сарчашма мегирад. Бинобар ҳамин мо бояд фарзандонро тарзе тарбия намоем, ки онҳо бо тамоми ҳастии худ таърих, забон ва фарҳангу суннатҳои хешро донанд ва ватани худро аз урфу одатҳои бегона ҳифозат намоянд. Ҳамзамон, масъалаи тарбия дар осори гузаштагони мо мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Донишманди маъруфи форсу тоҷик Унсурулмаолии Кайковус дар асараш «Қобуснома» дар бораи тарбияи фарзанд овардааст: «Бидон, эй азизи ман, ки агар Худо туро писаре диҳад аввал номи нек ба вай неҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст, баъдан ба доягони меҳрубон супор ва вақти хатна кардан суннат ба ҷой овар ва бо ҳасби тоқати хеш шодмонӣ кун ва чун бузург шавад, вайро пешае биомӯзӣ». Доир ба ин суханҳои пурмазмун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ба Парламент аз 23 январи соли 2015 иброз намуданд, ки дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавиёт масъулияти асоси ба дӯши падару модар аст, зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии фарзанд қарор доранд.

Аз нуқтаи назари мо хуб мешуд, тамоми чораҳои заруриро баҳри баланд бардоштани таъсир ва нақши меъёрҳои исломию ахлоқӣ дар таълим, тарбияи ҷомеа андешид, инчунин таҳрезӣ ва барои солим тарбия кардани шаҳрвандони мамалакат ва ба воя расонидани онҳо аз лаҳзаи тавлиду ба камол расидан дар оила, муассисаи то мактабӣ ва дабистон таъсир расонид. Маҳз дар ҳамин усули тарбияи ахлоқӣ ва мусулмониро дар шуури ҳар як онҳо ҷорӣ намуд, инчунин ба меъёрҳои умумибашарӣ низ такя карда мешуд. Он вақт аз тарафи ҷавонон ҳолатҳои қабули урфу одатҳои бегона ва пеша кардани ғояҳои ба мо ҷой надошта, кам ба чашм мерасиданд. Ҳамаи мо дарк мекунем, ки танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ин проблема мубориза бурда наметавонад, бояд тамоми қишрҳои аҳолӣ фаҳманд, ки ин беморӣ тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ҳама баҳри пешгирии ин кирдорҳо саҳми худро гузоранд, бо мақомотҳои дахлдор хамкорӣ намоянд ва роҳу усулҳои нави пешгириро ҷустуҷӯй кунанд.

Баҳри пешгирӣ намудани чунин падидаҳои нангин ва роҳ надодан ба ҳолатҳои дар боло зикршуда, инчунин такмил ва тақвияти муҳоҷирати меҳнатӣ пешниҳодҳои зеринро иброз менамоем:

-Ташкил намудани корхонаҳои калони саноати вазнин ва сабук, ки ҳазорҳо ҷойҳои корӣ ба вуҷуд орад ва аз маҳсулоти босифати фурӯхта шуда, маоши арзандаро ба вуҷуд орад;

-Дар муассисаҳои таълими олии касбӣ, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ба роҳ монда шавад, ки бо технологияи муосир баъди хатм озодона фаъолият намоянд;

-Дар муассисаҳои то мактабӣ (дар боғчаҳои давлатӣ ё хусусӣ, то ҳадди имкон ба тариқи ройгон) қабул кардани кӯдакон;

-Ташкил намудани маҳфилҳо (кружокҳо ва дастаҳо) дар соҳаи техника, мусиқӣ, варзиш ва ғайра то ҳадди имкон қабул кардани талабгорон ба тариқи ройгон;

-Барои баргардонидани ҷавонони тоҷик, ки дар  кишварҳои Шарқи Наздик аз нофаҳмӣ рафтаанд, чораҳои дахлдор андешида бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани онҳо;

-Ташкил намудани курсҳои омӯзиши забони русӣ ва дигар забонҳо барои оилаҳои камбизоат ба тариқи ройгон;

-Ташкил намудани механизми ягонаи идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

-Насб кардани камераҳои мушоҳидавӣ дар назди биноҳои мақомотҳои давлатӣ, фурудгоҳҳо, марказҳои фарҳангӣ, бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ баҳри пешгирӣ намудани амалҳои террористӣ ва экстремистӣ.

 

Дадохонова М

Муаллимаи калони кафедраи Забонҳои хориҷии

ДИСДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *