РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ МОҶАРОҶӮӢ

Проблемаи пешгирӣ ва мубориза ба муқобили моҷароҷӯӣ ва маҳсули он терроризм дар ҷамъият, яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷаҳони муосир ба шумор рафта истодааст.

Имрӯз зарурияте пеш омадааст, ки масъалаи худшиносии миллиро дар асоси маьрифати амиқи дастовардҳои фарҳангии халқу миллатҳои ҷаҳон бунёд созем.

Дар мубориза бо моҷароҷӯӣ истифодаи имкониятҳои дин аз ташкилотҳои динӣ хеле муҳим аст, ки исломи анъанавӣ ва принципҳоеро, ки асосҳои экстремизми диниро ташкил медиҳанд, аз ҳам фарқ кард, чунки моҳияти ислом таҳаммулпазирӣ нисбати намояндагони дигар мазҳаб ва дин, ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ аст. Вақти он расидааст, ки ҳолати ҷамъияти имрӯзаро ҳушёрона бе таассуби идеологӣ арзёбӣ кунем ва идеологияи миллии худро тавре ба роҳ монем, ки ба ҳиссиёти динии пайравони дину мазҳабҳои гуногун нарасем. Сониян бо вуҷуди расидан бо қуллаҳои баланди маърифати ақлонӣ, сатҳи болои шууру ҳуқуқӣ ва маданияти сиёсӣ, қабули «Эъломияи ҳуқуқи башар» ва бисёр дигар ҳуҷҷатҳои зиёди танзимкунанда, имрӯз одамон дар назди қувваҳо ва ҳодисаҳои гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, экстремизму терроризми минтақавию байналмилалӣ, ҷангҳои минтақавӣ, зиддиятҳои милливу мазҳабӣ, оҷизтар аз гузашта мебошанд.

Масалан, собиқ роҳбари ҳизби ғайриқонунии ҲНИ М.Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш аз кишварҳои хориҷӣ бо воситаи сомонаҳои Интернет дар бораи кишвари мо маълумотҳои бардурӯғ паҳн мекунанд. Шукр мекунем, ки мо имрӯз дар бораи чунин хиёнаткорони ватан аз филми “Хиёнат” далелҳоро дида, ба ҷавонон мефаҳмонем. Ба монанди пайвастани ташкилоти террористию экстремистии собиқ ТТЭ ҲНИ ба сиёсати мазҳабӣ воридшавӣ ба узвияти ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ мебошад. Соли 2013 Кабирӣ муовини роҳбари ин ҳаракат интихоб шуд. Бояд гуфт, ки  ин ташкилот ҳаракати дини сиёсии ифротгароии мазҳабӣ буда, қувваҳои диниву сиёсӣ мазҳаби дигарро ташвиқот мекунад. Раванди ҳодисаҳои минбаъда нишон медиҳад, ки бо сӯиистифода аз фурсат Кабирӣ бо дастгирии молиявию мафкуравии доираҳои манфиатхоҳии динии минтақа нақша ва барномаҳои тағйигири низоми давлатиро тарҳрезӣ намуд. Ӯ гоҳе дар паҳлӯи намояндагони хоҷагони худ қарор дошту, гоҳе худро дар оғӯши пирони маънавии Ихфон-ул-Муслимин, Юсуфи Карзобӣ ва Муҳаммад  Мурсин мепартофт. Ҳадафи зӯран ба даст овардани қудрат хеле барвақт дар мағзи Кабирӣ ва ҳомиёни хориҷиаш ҷой гирифта буд. Танҳо замон ва вақти муносиб лозим буду халос. Танҳо аз ҳисоби маблағҳои барои ташкироти террористию экстремистии собиқ ҲНИ ва амалҳои террористии он аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ ҷудо шуда, ӯ то давраи соли 2015 дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соҳиби дороиҳои зерин шуд, 5 ширкати сохтмонӣ, 2 китъаи замин ва сохтмони ғайриқонунии хусусигардонидашудаи маркази тиббии дандонпизишк ва маркази хизматрасонии маишӣ, бинои ғайриқонунии хусусигардонидаи касалхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сироятӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, 4 ҶДММ, 1 бозор дар шаҳри Турсунзода, 44 хонаи истиқоматӣ дар биноҳои баландошёна, 3 ҳавлӣ дар маркази шаҳри Душанбе, 12 адад автомашинаҳои сабукрав ва боркаши гуногунтамға, 48 сар чорвои калони шохдор, 12 сар асп, ҶСП ”Бинокор Сервис”, ҶСП ”Боркаш” дар ноҳияи Рӯдакӣ, бинои маркази савдо ва хизматрасонии маишӣ дар шаҳри Душанбе, хоҷагии деҳқонии ”Истиқлол” дар масоҳати 616 гектар, ҶСШК Сомониён-3 дар ноҳияи Файзобод. Ҳоло ин хоини миллат дар Аврупо номи гурезаро гирифта, бо пайвандонаш онҷо зиндагӣ дорад. Ин далелҳои камтарини ҷиноятҳои М.Кабирӣ мебошад.

Ба фикри мо, барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди моҷароҷӯӣ Тоҷикистон амалӣ намудани чунин ҳадафҳо ва чорабиниҳо натиҷаи хуб медиҳанд:

Ворид намудани арзишҳои демократӣ ва барпо намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ;

Тайёр ва ҷо ба ҷо намудани кадрҳои лаёқатманд, ки дорои ҷаҳонбинии замонавии ҳам дунявӣ ва ҳам динӣ бошанд;

Истифода бурдани арзишҳои маънавию ахлоқи динҳои ҷаҳонӣ ба хотири тарбияи таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва гуногунандешагӣ;

Гузаронидани тадқиқотҳои иҷтимоӣ дар маҳалҳо бо мақсади муайян намудани вазъи воқеии иҷтимоию иқтисодии мардум ва мусоидат намудан барои ҳаллу фасли проблемаҳои муайян гардида.

Ба ҳар яки ин самтҳои номбаршуда усулҳои муносибро дарёфт намуда, бо ташвиқотчиёни муборизаи сиёсӣ ба амал татбиқ намудан лозим аст. Ин имкон медиҳад, ки дар раванди мубориза ба хатогиҳо камтар роҳ диҳем.

 

Мамадхӯҷаева М.Н.,

                                                                                     Алимухамедова З.З., омӯзгорони

кафедраи математикаи олӣ ва

технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *