Зарбаи нохалафон пош хоҳад хӯрд!

Пас аз эълони истиқлолияти давлатӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон лаҳзаи таърихии эҳёи давлатдорӣ, фарҳанг ва арзишҳои миллии онҳо фаро расид. Гарчанде ки марҳилаи таҳкими давлати мустақили миллии тоҷикон душвор буд, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва иштирокчии комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба эътирофи мутлақ ва мақоми сазовори худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ноил гардид. Дар ин давра ба шаҳрвандон муяссар гардид, ки мушкилоти асосии раванди бунёди давлатдорӣ ва давлатдории худро ҳал намуда, давлат ва ҷомеаи худро аз хатари нобудшавӣ наҷот диҳанд ва бо нияти қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯи ояндаи дурахшони худ ҳаракат кунанд.          Нашри сайти Isloh.net бӯи радикализми диниро дорад. Бо нашри чунин маводҳои ғаразнок, “Isloh.net” кӯшиш дорад, ки дар байни мардум эътиқодро оид ба истифодаи зӯроварӣ барои ҳалли масъалаҳои динӣ дар ҷомеа асоснок кунад. Ба андешаи мо, чунин нашрияҳо ҳадафи ҷалби аҳолиро ба ташкили давлати динӣ (исломӣ) пеш мебаранд. Дар хотир доред, ки шумо он қадар бадӣ кардаед, ки мардум ҳоло ба шумо бовар намекунанд. Сокинони Тоҷикистони озод, дунявӣ ва соҳибихтиёр ба сӯи ояндаи нек ва дурахшон роҳандозӣ доранд ва фирефтаи иғвои шумо барин душманони миллат намешаванд. Амали чунин сомоноҳоро мо маҳкум менамоем.

                                                                                 Фарзонаи Аҳмадзод

                                                                                    устоди ДИС ДДТТ

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *