Филми «Хиёнат» симои аслии хиёнаткорони  миллатро фош сохт!

 

Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ тариқи шабакаҳои марказии телевизионӣ филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» намоиш дода шуд. Аз тамошои филми ҳуҷҷатии мазкур ба мо сокинони сулҳҷўи Тоҷикистон равшан гардид, ки ин филм амалҳои разилона ва хиёнаткориҳои хоинони миллат хусусан роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнўи Ҳизби наҳзат, ки мехостанд барои ба даст овардани сарватҳои муфт аз тамоми имкониятҳо истифода бурда бар зидди давлату миллати тоҷик исён бардоранд, басо равшан нақл мекунад. Мардумони Тоҷикистони биҳиштосо ҳеҷ гоҳ амалу кирдори бенангу номуси ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ки таҳти ниқоби дини Ислом бо амалҳои номатлуб  ва суханҳои бардурўғи хеш яке аз сабабгорони асосии барангезандаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум буданд фаромўш нахоҳанд кард.  Ин гуна хоинони ватан нафарони зиёдеро гумроҳ карданд, ки дар натиҷа он мардуми гумроҳгашта ба Ватани худ хиёнат карда, марзу буми кишварро ноором сохтанд. Сад афсўс, ки худ хиёнаткорони Ватан парвардаи обу хоки Тоҷикистони азиз бошанд ҳам ободиву шукуфоии сарзамини хешро дида натавониста, нангу номусашонро ба хоҷагони хориҷии худ фурўхтаанд. Гуфтан ба маврид аст, ки ин филм тавонист чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷик ва ҷиноятҳое, ки аз ҷониби роҳбарият ва аъзои ин ташкилоти террористӣ роҳандозӣ шуда буд, ба дараҷаи олӣ ошкор созад. Имрўз шукронаи онро дорем, ки халқи фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат тавонист, ин рўзҳои мудҳишро паси сар намуда, ба ин рўзи сулҳу оромӣ расад. Маҳз бо саъю кўшиш, талошҳо  ва хизматҳои шабонарўзонаи ин шахси сиёсатпеша Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрўз мо мардуми тоҷик ба ваҳдати миллӣ расидем.

Ҳоло бо боварии комил гуфта метавонем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишваре табдил ёфтааст, ки марзу бум ва халқи худро ба пуррагӣ ҳимоя карда метавонад ва кафили якпорчагии кишвари азиз мебошад.

Раҳматова Ш.Ш.

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *