Дар ҷомеаи имрӯза шоҳиди ҳолатҳое шудан мумкин аст, ки аз як тараф тамоилот ва гароишҳои сиёсӣ, аз сӯи дигар, хурофотҳои баъзе гурӯҳу равияҳои ифротии динӣ ба мисоли ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи -24 роҳи асли наслро ғалат месозанд. Агар ба таърихи 30 соли Истиқлоли давлатамон бингарем, ҳамеша ин гурӯҳҳои ифротӣ бо «либосу кӯлоҳ»-и дигар, бо тафриқаву тафовут сангар сохтанд, мардумро ба парокандагии миллӣ даъват карданд ва мулло-намоёнӣ намуданд.
Имрӯз бештари ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи -24 дар Аврупо паноҳ ёфта, то ҳанӯз тибқи дастуру кӯмакҳои молиявии хоҷагони хориҷиашон аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашида, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо намуда, кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд Масалан рӯзи ҳафтаи дуюми моҳи ноябри соли равон, яке аз аъзои ҳаракати ифротӣ Гурӯҳи-24 тариқи барномаи ифротии “Садои мардум” вобаста ба дастгир шудани Эгамов Муҳаммад, зодаи Тоҷикистону алҳол шаҳрванди Федератсияи Русия буда, шахси наздики Иззат Амон мебошад баромади бемантиқу беасос намуд. Хонандаи закӣ худ қазоват кунед! Дар воқеъ Федератсияи Русия давлати бузурге мебошад, ки дар он ҳуҳуқи инсон поймол нест. Дар ин кишвари абарқудрат тибқи қонунҳои амалкунандаи аз ҷониби мақомоти дахлдор Эгамов Муҳаммад дастгир гардида, алҳол ӯ дар Изолятори тафтишоти (СИЗО)-и №4-и ноҳияи Медведови шаҳри Москва қарор дорад. Воқеан вақт довар аст ва офтобро бо доман пӯшида намешавад. Хотиррасон бояд кард, ки дар назди қонун гунаҳкор будан ва набудани Муҳаммад Эгамовро танҳо Суд муайян мекунад.
Инчунин хоинони милат зимни баромадҳои ифротиашон бахусус дар барномаҳои “Паймонӣ миллӣ” ва “Садои мардум” мунтазам бо нафрати беасос ва ғаразпешааш ба ҷомеа ва мамлакати мо дар бораи масъалаҳои давлатдорӣ, нисбати фаъолияти роҳбарияти олии кишвар, нодида гирифтани дастовардҳои Тоҷикистон сухан ронда, бо ин васила тухми кинаву адоват кошта истодаанд. Аз хоинони миллат Кабирию Беҳрӯзи Тағойзода пурсида мешавад, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайр аз иғвою дасиса, тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос, хиёнату фосиқӣ чӣ нафъе овардед, ки ба ҳаёти осоиштаю ороми босуботи мо сангпартоӣ мекунед? Шумоён-наҳзатиён ва ҳаракати ифротии Гурӯҳи-24 фармоиши навбатии хоҷагонатонро бобати сиёҳ кардани мардуми заҳматкаши неъматофар иҷро мекунеду бадзотиатонро исбот.Якҷоягӣ бо хоҷагонатон ин роҳи тираву зулумотро пеша намудааед! Ҳоло дер нашудааст, аз ин роҳ баргардед!
Баробари ин бояд қайд кард, ки имрӯзҳо Муҳиддин Кабирӣ худро соҳибдори Паймони миллӣ ва ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ метарошад ва дигар афрод бо номи Беҳрузи Тағойзодаи ҳасадҳури думравони наҳзатии бадандеш ҳамаи ҳодисаҳоро ба аъмоли зиддиинсонии даҳшатафкании худ қиёс мекунанд. Воқеан сиёсатмадорон, мутафаккирон ва донишмандони миллӣ, ки ақидаҳои пӯсидаю зиддиинсонии ин гуна бадхоҳони миллатро қабул накарданд ва ҳамаи амалҳои номатлуби онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллат чун фоҷеътарин рӯзгори қавми тоҷик сабт шудааст.
Дар ҳақиқат имрӯз бадхоҳони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта, бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад. Аз ин рӯ, ба кулли паймоншиканони миллат-ТТЭ ҲНИ ва ҳаракати ифротӣ – Гурӯҳи-24 гуфтанием, ки роҳи шумоён роҳи тираву зулмот аст. Бадхоҳону бадандешон ҳеҷгоҳ ба ҳадаф нахоҳанд расид. Дар робита ба ин, зимни интиҳои сухани хеш хулосабарорӣ намуда, суханҳои шоирро ба ёд овардан хеле бамаврид аст.Аз ҷумла, фармудааст:
Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,
Як бад накунад то ба худаш сад нарсад.
Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман,
Ту нек набинию ба ман бад нарасад.
Д. ФАЙЗИЕВА,
сармуаллими кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ