САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ

Дар ҳар давру замон, дар ҷомеа сарварони сиёсӣ вуҷуд доштанд, ки ба ҳаёти чомеа таъсири умда расонида, ҷомеаро аз бӯҳронҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешгирӣ менамуданд. Пешво шахсест, ки ҷомеаро муттаҳид намуда, онро ба ҳадафҳои волои матлуб ҳидоят менамояд ва дар ин фаъолият, тамоми ҷомеа ӯро дастгирӣ менамояд
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии худ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Тоҷикистон дар вазъияти нестшавӣ ва миллати точик дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт.
Дар чунин шароити душвори пурҳасос барои миллати тоҷик ва Тоҷикистон, ки қадамҳои аввалинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо таҳдиди нестшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ба миён омад ва ин шахс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Агар азму ирода ва ҷуръати сиёсии Сарвари кишвари мо, Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани Истиқлолияти давлатӣ як амри воқеӣ буд.
Пас аз хотимаи ҷангӣ шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, шинос кардани ҷаҳониён бо давлати Тоҷикистон, таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди мо сурат гирифт.
Имруз, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 178 давлатҳои ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор кардааст ва узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад
Сарвари кишвар ба масъалаҳои баргузор намудани чорабиниҳои муҳим бахшида ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои шахсиятҳои шинохтаи халқи тоҷик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи меҳмонони олиқадр ва олимони барҷастаи дунё барои муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги халқи тоҷик шурӯъ карданд.
Дар ин радиф, мехостам, муҳимтарин чорабиниҳои таърихию фарҳангие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, баргузор гаштанд, хотирнишон намоям. Аз ҷумла, чорабиниҳо бахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён (сентябри соли 1999), конфронси илмӣ бахшида ба 2700-солагии китоби «Авесто» (1-2 ноябри соли 2001), ҷашнгирии 2500-солагии шаҳри Истаравшан (10 сентябри соли 2002), ҷашнгирии 1000-солагии шоир ва мутафаккири намоёни тоҷик Носири Хусрав (сентябри соли 2003), конфронси байналмилалии илмии «Ибни Сино ва тамаддуни ҷаҳонӣ» бахшида ба 1025-солагии Абӯалӣ ибни Сино (6 сентябри соли 2005), маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ (8 сентябри соли 2006), Чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (сентябри соли 2006), конфронси байналмилалии илмӣ «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (сентябри соли 2007), симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ» бахшида ба 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (сентябри соли 2008), 100 -солагии академик Бобоҷон Ғафуров (моҳи декабри соли 1998), симпозиуми байналмилалии «Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо» (5 октябри соли 2009), ҷашни байналмилалии Наврӯз (25-26 марти соли 2012), Ҷашнгири 600 – солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (моҳи октябри соли 2014), Таҷлили 700-солагии Мир Сайид Али Ҳамадонӣ(моҳи сентябри соли 2015), ҷашнгирии 3000-солагии Ҳисор (27 октябри соли 2015) [3, 232], Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” (21-23 октябри соли 2019), Ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар соли 2020. Дар соли 2021 ҷашнҳои 110-солагии шоир ва Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва 80 солагии шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ таҷлил гаштанд.
Бе шак, чорабиниҳои баргузор гашта, аз ҷойгоҳу нуфузи Тоҷикистон ва аз саҳми бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар эҳё ва муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Зеро, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки ба воридшавӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва фарҳанги миллӣ муҳим ва зарур мебошад.
Дар ин росто, гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ниҳоят муҳим аст: «Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ пуштибонӣ карда наметавонад. Ва то даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ, дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем» .
Таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон собит менамояд, ки бештари давлатҳои олам тавассути фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, худро ба оламиён шинос кардаанд. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22 декабри соли 2017, барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Ҳамчунин, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 26 декабри соли 2018, бо мақсади вусъат бахшидан барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти махсуси Созмони Миллали Муттаҳид – оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ҳамкорӣ менамояд ва дар сиёсати хориҷии худ дар ҳамкорӣ бо ин ташкилот ба муваффақиятҳои зиёд ноил гаштааст. Аз ҷумла: Мусиқии Шашмақом ва иди ниёгони мо – Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримодди ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти ЮНЕСКО ворид гардиданд. Соли 2018, бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо – чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид.
Солҳои минбаъда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд.
Имрӯз, Тоҷикистон дипломатияи фарҳангии худро дар доираи созмонҳои минтақавӣ чун Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳкиму густариш менамояд.
Дар доираи лоиҳаи барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” ва барои рушди робитаҳои фарҳангии кишварҳои аъзои ИДМ “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” расман эълон гардид.
Дар доираи ҷашнгирии 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай, соли 2021 Соли фарҳанги СҲШ эълон карда шуд, ки аз таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии кишварҳои аъзои СҲШ нишон медиҳад. Ба ғайр аз ин, робитаҳои дуҷонибаи фарҳангии Тоҷикистон рушд меёбанд ва кишвари мо бо мақсади таҳкиму густариш бахшидан миёни ду давлатҳо, рӯзҳои фарҳанги худро баргузор намуда ба ҳукми анъана даровардааст.
Ҳамин тариқ, ба шарофати 30 соли истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои ӯ, кишвари мо аз вартаи нестшавӣ эмин дошта шуда, осори илмиву адабӣ ва фарҳангиву таърихии тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гашта шуд. Бо ташаббусҳои созандаву некбинонаи Пешвои муаззами миллат, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар менамояд ва Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ба маркази баргузории чорабиниҳои ҷаҳониву фарҳангӣ табдил ёфт.

ҲОШИМОВ Ф. Ҷ.,
сармуаллими
кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *