Содиқова Гавҳар Иброҳимовна

Содиқова Гавҳар Иброҳимовна соли 1981 дар шаҳри Ленинобод дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1998 литсеи №3 ш.Хуҷандро хатм намуда, ба КЯТ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дохил шуда, онро соли 2002 ба дипломи аъло хатм кардаасст. Соли 2002 дар кафедраи молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ ба ҳайати ассистент ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Соли 2014 вазифаи муаалими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит ишғол намуда, дар раванди таълими фанҳои аудит, практикуми аудит ва ҳисоботи молиявӣ усулҳои нави таълим, воситаҳои техникии таълим, маводҳои дидактикиро самаранок истифода мебарад.

Соли 2016 бо муваффақият рисолаи номзади худро дар мавзӯи “Формирование и развитие рынка общественного питания в условиях трансформирующейся экономики” бо дифоъ намудааст.

Корҳои таълимию методиро ба корҳои илмию тадқиқотӣ пайваста, пеш бурда, натиҷаи корҳои илмию методии худро дар бисёр конфронсҳои илмию методии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва донишгоҳӣ маърӯза кард.

Содиқова Г.И. муаллифи зиёда аз 25 мақолаҳо, дастури таълимӣ, комплексҳои таълимию методӣ мебошад.

Дар давоми фаъолияти педагогии худ ду маротиба аз курси такмили ихтисоси муаллимон дар Донишгоҳи давлати ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муваффақият гузашт. Соли 2018 дар конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ифтихорномаи ДИС ДДТТ барои ишғол намудани ҷои 1-ум ва соли 2020 ифтихорномаи Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи илму маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ сарфароз гардонида шуд. Оиладор соҳиби 3 фарзанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *