РИСОЛАТИ МО-ОБОДОНИ ВАТАН   

      Имрӯз тамоми кишварҳои дунё М.Кабирӣ И.Ёқубов ва ҳаммаслаконашро мешиносанд ва медонанд, ки онҳо хоинони халқу миллати хеш ҳастанд. Рафтору гуфтори намояндагони ТЭТ ҲНИ собит менамояд, ки онҳо аблаҳанд ва бо рафтору кирдори худ дар ҷаҳон обрӯву нуфузе надоранд. Воқеан Ҳизби Назҳати Ислом ҳизбе ҳаст, ки бо ниқоб “Ислом”-и бо ҳар роҳу васила амалҳои номатлуби худро анҷом дода истодаанд. ТЭТ ҲНИ дар хориҷа амалҳои разилонаю хоинонаашонро давом дода истода мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардум, ташкили табаддулот ва бо ҳар роҳу васила бадном намудани Ҳукумат  аст. Онҳо собиқ раис ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом , пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд. Шумоён хоинони Ватан бояд дарк намоед, ки ҳамаи ташвишҳову дасисаҳоятон бебароранд. Беҳтараш аз дасисаҳову иғвоҳои худ даст кашида, ру ба эҳтироми арзишҳои миллӣ ниҳед. Лекин ин ҷавононе, ки бо як чизи ноарзанда фирефтаи суханони дуруғи ин гурӯҳҳои террористию экстремистӣ Ҳизби Назҳати Ислом гардида, умри ҷавони худро барбод доданд.  Имрӯз кишвари азизамон Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандаш пайваста бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар талош ҳастанд, ки имрӯз шаҳрвандони кишварро аз қувваҳои иғвоангези ҷомеа ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҳимоят кунанд ва пайваста дар ҳар баромадҳои худ қайд менамоянд, ки ҳар як фарди кишвар пайваста “Ҳушёрию зиракӣ, сиёсӣ”-ро аз даст надиҳад то, ки ин гурӯҳҳои ҷинояткор ба сулҳу субот ва ба ороми кишвар дахолат намекунанд. Бинобар ин ҳар, як шаҳрвандӣ кишвар бояд қалбан шукргузорӣ ба ин тинҷию амонӣ ва пойдори Сулҳу суботи кишвар дар қалби мо бояд ҷой дошта бошад. Ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша наметавонанд амалҳои нопоки худро анҷом диҳанд ва дар чашми модарони тоҷик ашки ғамро ҷой карда бошад. Доимо шукронаи ободии ватан ва пайрави кори Пешвои муаззами худ бояд кард!

                                                                                      Дилафрӯз Ҳомидова.

                                                                  корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *