ИЗҲОРОТИ  КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶИИ МДТ ДИС ДДТТ ОИД БА МАҲКУМ НАМУДАНИ ТАШКИЛИ ГИРДИҲАМОӢ АЗ ҶОНИБИ ҲСДТ

 Мо, аҳли кафедраи забонҳои хориҷии МДТ ДИС ДДТТ баёнияи Зоиров Раҳматулло-раиси Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) дар “Фейсбук” бударо доир ба дархост барои ташкили гирдиҳамоӣ ибрози андеша намуда, хотиррасон мекунем, ки оё оташи хонумонсӯзи гирдиҳамоиҳои солҳои 90-уми асри гузашта, дарси ибрат набуд ?!…, ки кишвари азизамон маҳз бо сабабҳои ташкили гирдиҳамоиҳо ба оташи ҷанг ва хунрезӣ кашида шуд. Дар он вақт, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ орзуи онро дошт, ки кишвари азизамон тинҷиву амонӣ шуда, сулҳу оромӣ дар саросари мамлакат пойдор гардад.

Мусаллам аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ба Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ноил гардида, ба сӯи рушду тараққиёт устуворона қадам ниҳода истодааст.Бинобар ин ташкили гирдиҳамоӣ аз ҷониби ягон ҳизб зарурат надорад.

Мо ҳар рӯз тариқи воситаи ахбори умум аз вазъи ҷаҳони имрӯза огоҳ ҳастем, ки маҳз гирдиҳамоиҳо ба ҷангҳои тӯлонӣ ва хонумонсӯзиву харобоварӣ боис шуда истодааст.Чунончӣ, кишварҳои ҷангзадаи давлатҳои араб дар натиҷаи  гирдиҳамоиҳои бо ном “Баҳори араб” ба ҷангҳои тӯлонӣ кашида шудаанд. Мо омӯзгорон намехоҳем, ки ба мисоли чунин гирдиҳамоиҳои хонумонсӯз ва харобовар дар Ватани азизу осоиштаи мо, чун солҳои 90-уми асри гузашта боз такрор ёбад. Аз ин рӯ, ба ҲСДТ тавсия медиҳем, ки ба ҷои ташкили гирдиҳамоӣ хуб мешуд, донишу малакаи худро барои ободонии кишвари азизамон равона намояд. Умед дорем, ки аз ин гуфтугӯи иттилоотӣ аъзоёни ҲСДТ хулосаи зарурӣ бароварда, бо назардошти ақидаҳои солиму возеҳи шарҳ додашудаи мо роҳи дурустро пеша мекунанд.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *