МО ДУШМАНИ ИФРОТГАРОИЕМ!

 

            Ғайриинтизор сиёсикунонии дин яке аз масъалахои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишвархои машриқзамини мусалмонист. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст  ки онро гурӯххои муайян дар муборизахои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатхои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароенаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои  дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни  сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлхо бахҳои дурусти худро медиханд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки факат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тариққи дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Ҳамаи намудхои фаъолияти ҲНИТ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷахҳон фаъолиятхои гурӯхи ифротгарои тақозо менамояд ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иқтисодиети ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ бо шарҳи вазъи сиёсии ҷаҳони муосир оѓоз бахшиданд ва он бунёди воқеӣ дорад. Мо дар замони хеле мураккабу пурихтилоф, замоне, ки давлатҳои дунё ҳар кадоме баҳри манфиатҳои хеш  талош варзида, дар ин роҳ ба зиёдаравӣ ва таҳқири кишварҳои дигар роҳ медиҳанд, кор ва зиндагӣ дорем. Дар ҷаҳони кунунии мо,ҳамчунин, ҳодисаҳои хатарбори терроризм ва ифротгароӣ доман паҳн мекунанд ва ба ҳаёти осоиштаи аҳли сайёра таҳдид менамоянд. Вобаста ба ин ҳолат, аҳли хираду тамаддунгарои ҷаҳонро мебояд, ки ҳамдилу ҳаммаром бошанду бар зидди ин падидаҳои номатлуб овоз баланд кунанд. Мо омӯзгорон, бояд дар сафи пеши мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм бошем. Ҳамчунин, шогирдонамонро ба ҳушёрию зиракӣ даъват намоем. Бо истифода аз далелу рақамҳо фаҳмонем, ки экстремизму ифротгароӣ чӣ гунна равияҳоянд, чӣ ҳадафу матлаб доранд, ба чӣ муваффақ шудан мехоханд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт. Боқӣ, ин тоифаро инсоф диҳад, бигузор як хулосаи даркории худро дар мавриди аз даст кашидан аз ҳизб ва ё умуман пош додани он бароранд.

Фаёзова Маҳбуба Абдунасимовна

асисстенти кафедраи назарияи иқтисод

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *