Таҷрибаи ҷомеасозии муосир собит менамояд, ки дар шароити вусъатёбии муборизаи мафкуравӣ баҳри ба даст даровардани захираҳои моддӣ ва ақлонӣ ва ба ин васила амалигардонии манфиатҳои геополитикӣ давлатҳо аз бисёр ҷиҳати рушди бонизом ва устувори ҷомеа ва давлат ба омилҳои маънавӣ вобаста мебошад. То он даме, ки дар шуури ҳар як аъзои ҷамъият дарки соҳибистиқлол будан, худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарастӣ ва арҷгузори ба обу хок ва дигар муқаддасоти миллӣ ташаккул наёбанд, ба истиқлолияти комил расидани кишвар даргумон аст. Аз ин лиҳоз, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар назди илм умуман ва хоса илмҳои ҷомеашиносӣ арзи вуҷуд намудааст ташаккул додани арзишфаҳми ва интихоби арзишҳои маънавӣ мебошад.
Ҳаёти инсон ҷараёнест, ки зери таъсири омилҳои гуногун қарор дорад. Инсон дорои ақл мебошад, ки тавассути он ӯ ҳақиқатро маърифат менамояд. Баробари ин, ки ашхоси алоҳида ва ҳатто миллатҳои том баъзан бидуни ақл рафтор менамоянд. Баъзе миллату халқҳо аз сабаби озод шуда натавонистан аз норафтори бетаҳаммулона ва интихоби нодурусти арзишҳо ба нестӣ рафтанд. Бешубҳа, ҳар як инсон имконияти интихоби арзишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, равонӣ ва ғайраро дорост. Аммо шахс, хусусан агар вай таҷрибаи кофии зиндагиро надошта бошад, чи тавр муайян намояд, ки арзишҳои ба ӯ пешкашшаванда арзишҳои маънавии шоиста мебошанд. Ба ин талаботи маънавї мањз илм ва аллалхусус фанњои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносї метавонанд љавоби воқеъбинона дињанд, бинобар ин илмњои мазкур бояд њатман, ба таври боистанї дар мактабњо ва донишгоҳҳо таълим дода шаванд, вагарна қишрҳои осебпазири ҷомеа барои қонеъгардонии талаботи маънавии худ ба равияњои ифротӣ ба монанди “ДИИШ”, “Ал-Қоида”, Ҳизби мамнӯъи наҳзат, “Ваҳҳобия”, “Салафия”, “Ҳизб-ут-Таҳрир” ва монанди ин ҷараёнҳои террористиву зиддимиллӣ рӯй меовранд. Ин сохторҳои экстремистиву террористӣ мекӯшанд, ки ҷомеаро аз ҳолати мувозанатӣ бароварда, ба алангаи низоъҳои иҷтимоӣ бикашанд. Таҳлилгарон таъкид менамоянд, ки аксари ҷавононе, ки зери таъсири ин мафкура ва ақидаҳои иртиҷоӣ қарор доранд, онҳое мебошанд, ки ба таҳсилот фаро гирифта нашуда, на саводи динӣ, на саводи дунявии кофӣ доранд, маънавиёташон коста мебошад. Дар ин радиф мехоҳем суол ба миён меояд, ки магар дар ҳаёти соҳаи маънавиёти ҷомеаи мо арзи вуҷуд намудани чунин падидаҳои номатлуб ба мисли бунёдгароӣ, терроризм, гарвидан ба сӯи исломи сиёсӣ, тақлидкорӣ ба фарҳанги бегонагон ин натиҷаҳои заиф гаштани кори тарбия, ҳис накардани масъулият ва ҷавобгарӣ аз ҷониби волидайн барои тарбия фарзанд ва билохира беэътиноӣ нисбати ташаккул додани арзишҳои волоӣ инсонӣ дар симои маънавии насли наврас нест? Ба ин савол ҷавоби мусбӣ дода, ҳамзамон таъкид кардан ҷоиз аст, ки нақши мактаб ва маориф дар ин раванд муассир мебошад. Ҷараёни фаҳмиши равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва ташаккули ҷаҳобинии илмии ҷавонон асосан дар раванди таълими илмҳои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ ташаккул меёбад. Илмҳои мазкур ба устувор шудани мавқеи шаҳрвандӣ ва эҳсоси худшиносии муҳассилин мусоидат намуда, фаҳмиши илмию назариявии ӯро дар роҳи маърифати ҳақиқии равандҳои рушди олами воқеъӣ ташаккул ва такомул медиҳад. Дар шароити вусъатёбии равандҳои ҷаҳонишавӣ омӯзиши илмҳои ҷомеашиносӣ ба сӯи шиносоӣ бо мероси гаронбаҳои афкори фалсафаи ҷаҳони роҳбалади намуда, ба бунёди маърифат ва усули нотакрори дарки мушкилоти фаъолияти ҳаёти инсон ҳидоят менамояд. Як ҷиҳати муҳими илми фалсафа ин аст, ки он рисолати шахсиятофарӣ дошта, тафаккури фарҳангию арзишии наслҳои ҷавонро мукаммал меградонад. Аммо дар як давраи муайян, ин ҳақиқати илмиро мо ба гӯшаи фаромӯшхотири равона намудем, ки натиҷаи талхи онро акнун чашида истодаем. Зубдагони соҳаи идоракунии маориф воқеъан бояд дарк намоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ангезаҳоии ташаккули ҷаҳонбинии ифроти марбут ба дигаргун кардани шуури инсон аст. То он даме, ки ҳар як фард дар маънавиёти хеш арзишҳои волои инсониро ҷойгузин нагардонад, бехатарии маънавӣ ва рушди бемалони ҷомеаро таъмин намудан амри муҳол аст.
Вобаста ба ин як масъалаи назариявӣ рӯи кор меояд. Вақте ки сухан аз боби амният меравад, онро ҳамчун фаъолияти ниҳодҳои махсуси давлати оид ба таъмини сулҳу суботи ҷомеа фаҳмида мешавад. Умуман ин андешаро нодуруст ҳисобидан ҷоиз нест, Аммо мафҳуми “амният” имрӯз маънои фарогиртар касб намудааст. Масалан, мо метавонем баробари дар бораи амнияти сиёсиву ҳарбӣ сухан кардан, оид ба амнияти маънавии ҷомеа низ андеша ронда метавонем. Зиёда аз ин, метавонем зикр намоем, ки амнияти маънавии ҷомеа аз дирӯза дида имрӯз мубрамияти бештаре пайдо намудааст, зеро бадхоҳони миллат диданд, ки дигар бо қувваи зӯрӣ наметавонанд давлатро ғасб намоянд, даст ба шикасти маънавиёти ҷомеа ва шахс зада, ба онҳо “ҷароҳатҳои иҷтимоӣ” бахшанд. Дар ин шароит ҳар як узви ҷомеа бояд дарк намояд, ки мақсади ниҳоии ҳар муборизаи мафкуравӣ ин ноил шудан ба даст кашидан аз ҳуввмияти миллии хеш ва қабули мафкураи дигар мебошад. Ин роҳест инсонро ба парастиши ғояйи дигар, таърихи дигар ва фарҳанги дигар равона менамояд. Масалан, барои давлатҳои абарқудрат, ки онҳо дар Тоҷикистон манфиатҳои геополитикии худро доранд муҳим нест, ки дар кишвари мо чи гуна низоми иҷтимоиву сиёсӣ ё фарҳанги барқарор мешавад, муҳим он аст, ки тоҷикон аз решаҳои таърихии худ дур гашта ” худии худ”-ро фаромӯш созанд ва дастнигари онҳо бошанд. Ва дар ин роҳ онҳо ягон чизро, аз ҷумла сарфу харҷи моддӣ, маблағгузориро дареғ намедоранд. Мо бар он ақидаем, ки ин зуҳури моҳияти сиёсати худхоҳонаи абарқудратоҳост, ки мехоҳанд бо дасти ин гурӯҳҳои раҳгумзадаи иҷтимоию сиёсӣ ҷомеаи моро ноором гардонанд ва ҷараёни худшиносиву худогоҳии миллати моро халалдор гардонанд.
Дар ин радиф бояд тазаккур дод, ки яке аз хусусиятҳои хоси дарки илмии воқеъият дар он аст, ки вай тавассути мақулаҳояш равандҳои рушди ҷомеаро ба таври айнӣ дар фазою вақти иҷтимоӣ инъикос менамояд, яъне мазмуни мафҳумҳо баробари тағйирёбии воқеъият дигаргун мешаванд. Матлаб аз ёдоварии ин нуктаи назариявӣ аз он иборат аст, ки равандҳои дар ҷомеа зуҳурёбанда дар шуури инсон дар шакли мафҳумҳо инъикос меёбанд. Пас, тасаввуроти инсон ҳам дар бораи воқеъият тағйирёбанда, пуртазоду зиддиятнок аст. Мафҳумҳои “мухолифин”, “тафаккури иртиҷоӣ”, “ҳаракатҳои иртиҷоӣ”, “дигаргунфаҳмӣ” ва ғайра ҳамеша дар афкори ҷомеа ҷой дошт. Шояд онҳо дар шакли дигар, дар заминаи ғоявии дигар, бо чеҳраҳои дигар, бо пуштибонии дигар ва бо истифодаи маблағҳои дигар. Ин ҷои тааҷуб ҳам нест, зеро таърихи инсоният ин таърихи ҷангу муборизаҳо баҳри комёб гаштан барои манфиатҳост. Ба андешаи мо, ин падидаҳо то он даме, ки давлат вуҷуд дорад, боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, онҳоро набояд ҳамчун падидаи нав баррасӣ намуд, балки аз лиҳози илми ҳамеша ба онҳо баҳо дода, мазмуну мундариҷаи онро вокуниш намудан зарур аст. Муҳим он аст, ки онҳо ба амнияти ҷомеа таҳдид накунанд. Барои исботи андешаи боло аз таърих мисолҳои зиёд овардан мумкин аст. Агар ба таърихи фалсафаи бостони тоҷик назар андозем, ҳанӯз дар таълимоти зардуштия таъкид гашта буд, ки инсон дар аъмоли хеш озод аст. Аммо дар идомаи ин андеша таъкид мегардад, ки инсон бар души худ барои аъмоли озодаш масъулиятро низ дорад, яъне рӯзе мерасад, ки ӯ дар назди офаридагораш ҷавоб мегӯяд. Ақидаҳои ба ҳамин наздикро мо дар фарҳангӣ қадимаи Ҳинду Чин низ вохӯрданамон мумкин аст.
Намунаи барҷастаи озодандешиву дигаргунфаҳмиро мо дар фалсафаи Юнони Қадим, дар мисоли фалсафаи Суқрот дида метавонем, Дар адабиётҳо таъкид мегардад, ки Суқрот мутафаккири озодандеш ва мунаққиди гузаро будааст.Вай дар андешаҳои фалсафиаш сохти ҷомеаи ғуломдории Юнон ва муносибатҳои иҷтимоии ҳамон вақтаро зери танқид гирифтааст. Агар ба забони имрӯза гӯем, ӯ мухолифини давлати ғуломдории Юнони Қадим будааст. Аммо фарқи Суқрот аз мухолифини тоҷик, аз ҷумла аз зубдагони ҲНИ дар он аст, ки ӯ хоҷа-пуштибон надошт, ӯ барои озодандешиаш “гранту дигар маблағҳо” намегирифт ва тарки Ватан карда, аз дуриҳо ҷомеасозиро ба дигарон ёд намедод. Ӯ дар ягон баромадҳояш даъвати ғасби далатро баён накардааст. Ҳатто вақте, ки барои озодандешиаш ӯро ба маҳкама мекашанд, ба шогидонаш мегӯяд, ки ягона роҳи ислоҳи камбудиҳо қабули қонунҳои адолатпазир мебошад.
Ба ёд меорем, ки ибтдоӣ асри ХХ баъди ғалабаи Инқилоби Октябр бисёриҳо аз Русия кӯч ба хориҷа бастанд, чунки мафкура ва тартиби иҷтимоии нав ба онҳо маъқул набуд. Агар хиёнати Савенкову ва чанд тани дигарро ба инобат нагирем ягонтои онҳо ба Ватани худ хиёнат накарданд. Аксари онҳо мехостанд дар кишвари аҷдодиашон тезтар тинҷиву осоиш ҳукмрон гардад, то ки онҳо тавонанд ба оғӯши Ватан баргарданд. Ҳатто душмани ашадии сохти Шӯравӣ А. Сложенитсин дар мавриди қулай ба Ватани аҷдодии хеш баргашт. Ин нависандаи забардасти рус дар бораи камбудиҳои сохти Шӯравӣ асарҳои зиёде эҷод кард, онро зери танқиди тозиёна мегирифт, вале мо дар ягон ҷо надидаем ва нахондаем, ки ӯ Ватанашро таҳқир карда бошад. Ӯ ҳамеша Руссияро мисли Ватан-модар арҷгузори менамуд. Вале бубинед мухолифини тоҷик чи аз дохилу чи аз хориҷ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки миллати тоҷик, давлату ҳукумати Тоҷикистонро бадном кунанд, мардумро гумроҳ намуда боз матлаби хешро ба даст оранд.
Ҳадаф аз ёдовар шудани ин нуктаҳо аз он иборат аст, ки дар таърих падидаи мухолифин ҳамчун василаи ислоҳи камбудиҳо ва ободу ороста гардонии ҷомеа баррасӣ гаштааст.
Аз ин лиҳоз, илмҳои ҷомеашиносӣ ин равандҳоро таҳлил, баррасӣ ва арзёби намояд. Чунин амал воситаи муҳими шинохти воқеъият ва сабаби аслии андешидани чораҳои пешгирикунандаи он мегардад.
Мақсади ҳама гуна назарияҳо, аз ҷумла донишҳои илмӣ, дар соҳаи таъмини амният иборат аз он аст, ки тавассути онҳо одамон ба воқеъияти асли наздик мегарданд. Илм мисли анборест, ки дар он тӯли асрҳо, ҳазорсолаҳо далелҳои қотеъона барои дарки воқеият ҷамъ гардидааст. Тафсир ва бо далелҳо собит кардани дурӯғ аз муҳимтарин вазифаҳои илм аст. Бадбахтии мухолифони манфиатҳои миллии мо иборат аз он аст, ки онҳо “ҳақиқат”-и худро доранд. Дурусттар ифода гардад, “ҳақиқат”-е, ки тавассути “хайрия”, “грант”, пулу моли аҷнабиён дар майнаи онҳо ҷо кунонида шудааст. Таҳлили маводҳои саҳифаҳои иҷтимоии Интернет шаҳодат медиҳанд, ки мухолифин аз дуриҳои “доди ватанхоҳӣ” мезананд. Аз дур истода маслиҳат додан осон аст, аммо дар Ватан қарор дошта, ба “ҷароҳатҳо иҷтимои”-и он дармон бахшидан кори саҳл нест. Барои ин инсон бояд Ватани худ, миллати худро дӯст дорад, марзи бум, обу хоки онро муқаддас донад.
Мо итминони комил дорем, ки илмҳои ҷомешиносӣ дар мубориза бар зиддӣ тафаккурӣ иртиҷоӣ, ҳаракатҳои номатлуби ҷамъятӣ нақши ҳалкунанда мебозанд. Аз ин рӯ, вусъат бахшидани паҳжӯҳиши мавзӯъҳои актуалии вобаста ба экстремизми динӣ, терроризм ва дигар падидаҳои номатлуб самти афзалиятноки рушди илҳои ҷамъиятӣ ва инсоншиносӣ ҳисобида мешавад.
Ҳамзамон барқарор намудани мақоми шоистаи илмҳои инсоншиносӣ, эътирофи муқаддамияти онҳо дар низоми таҳсилот талаби замон буда, онҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, мафкураи солим, ахлоқи ҳамида, фазилатҳои волои инсонӣ, одамият, ватандӯстӣ ва созандагӣ нақши ҳалкунанда доранд.
Солиҷонов Р. – доктори илмҳои фалсафа
Мирбобоев М.Қ. – профессори кафедраи илҳои
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ