Шабехуни душманони миллатро маҳкум менамоем!

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуруҳи террористии ДИИШ бо нашри навори байъати шаш фарди мусаллаҳ бо саркардаи нави ин созмони мамнуъ иддао кардааст, ки ин ашхос ҳамлагарон ба посгоҳи марзии Тоҷикистон будаанд.
“ДИИШ” дар сомонаи мавсум ба Аъмоқ шаш нафарро, ки чеҳраҳои онон бо ниқоби сиёҳ пӯшонда шудаасту ва дар ҳоли байъат бо саркардаи нави ДИИШ ҳастанд, ба унвони муҳоҷимон ба посгоҳи марзии Тоҷикистон муаррифӣ кардааст. Манбаъ афзуд, дар ин филм ин ашхос бо саркардаи нави гуруҳи террористии ДОИШ ба забони арабӣ байъат мекунанд. ДИИШ муддаӣ шудааст ин ашхос пас аз байъат бо саркардаи нави ин созмон ба амалиёт дар марзҳои Тоҷикистон даст задаанд.
Ташкилотҳои ифротӣ дар ҳар давру замон барои башарият ва сокинони ҷомеа хатар ворид месозанд. Гарчанде дар аввали фаъолияти худ бо номҳои ташбеҳкунандаи зиндагӣ, динӣ ва миллӣ баромад кунанд ҳам, лек зери коса нимкоса амал мекунанд. Дар забон бо шиору овезаҳои фиребона, вале дар амал бошад гирифтани ҳокимияти сиёсӣ ва ташкили хилофати ифротии худ қарор доранд. Масалан худи Давлати ба ном исломии Ироқу Шом, ки аз ҷониби гуруҳҳои ифротӣ ташкил гардид, мисоли зиндае аст, ки касе аз дасти он хубие надидааст. Аз 1900 нафар шаҳрвандони мо, ки ба ин созмон гаравидаанд ва дар хоки давлатҳои Афғонистону Сурия ҷанг мекунанд гумроҳ гаштаанд. Ваъдаи ташкили хилофати исломӣ ва ҷиҳоду шаҳодат ҳама афсонаи доишиён аст. Дар асл қатлу куштор мақсади олии гуруҳҳои ифротист.
Мо шадидан ҳамлаи душманони миллатро маҳкум менамоем ва боварӣ дорем, ки мардуми кишвар ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди бадхоҳону бадандешон ва душманони миллат муборизаи беамон мебаранд.
Саидов Муродҷон
Маъмурҷонович,
ассистенти кафедраи
молшиносӣ ва фаъолияти

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *