Изҳороти кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрук перомуни андешаҳои муғризонаи бадхоҳони миллат ва хиёнати онҳо ба ормонҳои олии давлатдории тоҷикон!

Дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд.

 Мову шумо аз фарози қарни XXI бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурда навишта шудаанд. Аз ин лиҳоз, истиқлолияти мо дар умқи таърихи куҳанбунёдамон решаҳои амиқи иҷтимоиву фарҳангиро дорост.  Ҳаракати озодихоҳии ниёгони мо тӯли ҳазорсолаҳо идома ёфта,  дар ибтидои асри ХХ шаклу мазмуни нав пайдо намуд. Муборизаи шадиди мафкуравии фарзандони бузурги миллати мо, ба мисли Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим  Ҳоҷибоев, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Алоуддин Баҳоваддинов, Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммад Осимӣ, Сотим Улуғзода ва гурӯҳи калони олимону зиёиёни сарсупурда ва дурандеш набояд аз ёдҳо зудуда гарданд. Онҳо, барҳақ, барои бедорӣ ва худогоҳии миллӣ ба тариқи таҳқиқу таблиғи таърихи бисёрҳазорсолаи ниёгон ва мероси оламгиру  ҷовидона мубориза бурда халқи моро ба шоҳроҳи манфиатҳои аслии миллӣ  ҳидоят намуданд. Зиёда аз ин, метавон гуфт, маҳз ҳамин кӯшишу ғайрати бошуҷоати онҳо, заминаи боэътимоди ташаккули ғояйи миллӣ гаштанд.

Яке аз ин ҳизбҳои зиддидавлатӣ ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ мебошад. Амали хиёнат дар арзишҳои ахлоқии инсоният бадтарин амал аст,зеро хиёнат ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад.

 Роҳбарони ТТЭ ҲНИ ҷоҳталобонаю мақомхоҳона аз дини мубини ислом сӯистифода карда, аз худ чеҳраҳои сиёсию мушкиосонкун вонамуд мекарданд. Вале дигар аҳли ҷомеа найрангҳои ТТЭ ҲНИ –ро медонанд. Наҳзатиҳо аз миллату мазҳаб ҳарф мезананд, вале аввалин хиёнатро ба миллату мазҳаб мекунанд. Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллат он аст, ки ба хотири манфиатҳои молияви иродаи кишварҳои бегонаро зидди милату ватани худ амали мекунад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *