Рахнашавии киштии «нави» Кабирӣ

Ба ҳама маълум аст, ки дар моҳи сентябр дар шаҳри Варшава бо ташаббуси хоини ватан, собиқ раиси партияи наҳзати исломӣ М.Кабирӣ ва дастгирии созмони бонуфузи САҲА нишаст баргузор гардид. Ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати исломӣ” (ТТЭ ҲНИ) якҷоя бо се созмони камошно, аниқтараш маҷозӣ (виртуалӣ) – Анҷумани озодандешони Тоҷикистон, Ҳаракат барои рушд, Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо оид ба созмон додани ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” дар пойтахти Полша шаҳри Варшава эълон доштанд, ки роҳбари он саркардаи ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ интихоб гардид.

Ҳамаи се созмонҳои номбаршуда на қувваи воқеии сиёсӣ, на заминаҳои иҷтимоӣ, на ягон дастгирӣ аз тарафи аҳолӣ доранд. Яъне шарикони номбурдаи ТТЭ ҲНИ танҳо дар коғаз вуҷуд доранд, ягон аҳамияти воқеиро доро нестанд ва ягон чиз ғайр аз парда барои ТТЭ ҲНИ аз худ зоҳир намекунанд. Аз дигар тараф мақсад ва вазифаҳои “Паймони миллии Тоҷикистон” аз барномаҳои ҲНИ гирифта шудааст.

Дар нишаст САҲА зиёда аз 50 нафар ҳамватанони мо ҷамъ омада буданд. Бо даъвати созмони САҲА дар нишаст намояндагони Ҳукумати ҶТ муовини аввали  Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини директори Маркази исломӣ Рустам Азизӣ ҳузур доштанд ва бо маърӯза баромад намуданд.

Дар баромади худ М.Кабирӣ дар бораи таъсиси “Паймони миллии Тоҷикистон” хабар дод, ки ташкилкунандагонаш Шарофиддин Гадоеви аз гурӯҳи 24 рондашуда, Олим Шерзамонов, Темур Варқӣ ва Сайидюнуси Истаравшанӣ мебошанд. Муовини М.Кабирӣ Шарофиддин Гадоев эълон гардид.

Аз гуфтаи коршиносон маълум шуд, ки Кабирӣ барои ташкили Паймони миллии Тоҷикистон се сол заҳмат кашидааст.

Номи пурҷозиба ва дилрабо. Аммо маълум гашт, ки ин ном ҳам дуздӣ будааст. Олим ва сиёсатшиноси номдор Ҳафиз Бобоёров эълон дошт, ки ин ном моли ӯст ва Кабирӣ ин номи воқеъан зеборо дуздидааст ё касе аз огоҳон фурӯхтааст.

Ҳатман бояд зикр кард, ки Кабирӣ талош дошт, то Ҳафиз Бобоёров ва боз чанд тоҷикони обрӯманди муқими Аврупо бо ӯ бипайванданд. Аммо онҳо пайвастан бо як ҳизби бадномшуда ва чанд шахсияти беобрӯгаштаро барои худ мояи ор донистанд.

«Гуруҳи 24», «Ватандор» ва Анҷумани нируҳои созандаи Точикистон низ ба ин эътилоф напайвастанд. Посухи эътилоф бо Кабириро Суҳроби Зафар — роҳбари «Гуруҳи 24» барвақт дода буд: «Мо ҳеҷ гоҳ ба киштии шикастаи Кабирӣ нахоҳем нишаст ва ягон хел ҳамкорӣ нахоҳем кард!»

Додоҷон Атовуллоев баёния пахш кард, ки бо паймоншикастагон ҳеҷ гоҳ паймон нахоҳад баст, яъне роҳи мо дигар аст ва дар ин роҳ мо бо раҳгумзадагон ҳамсафар нахоҳем шуд.

Дар ин нишасти САҲА Кабирӣ босмачиёнро қаҳрамони миллат номид. Кадом босмачӣ ба рушду нумӯи кишварамон ҷон коҳондааст. Дар тадқиқотҳои худ олими намоёни тоҷик Атахон Сайфуллоев хеле бамавқеъ овардааст:

«Босмачиён, ки ҳадафи асосиашон барқарорсозии Аморати Бухоро ва бозпас овардани амир буд, ҳар як шахси хайрхоҳ ва нерӯи тарафдори ҳукумати навро нобуд мекарданд. Дар ин талошҳо халқи ранҷбар бисёр нобуд мешуд, ки фоҷиа ҳам дар ҳамин буд. Ҳол он ки заҳматкашон бо босмачиён ҳеҷ гуна муносибат надоштанду нисбат ба онҳо дар дил тухми нафрату адоват мепарвариданд. Зеро босмачиён молу мулки онҳоро ба ғорат мебурданд, ҳар касеро, ки аз гуфтору рафтори эшон ҷонибдорӣ намекард, сар мебуриданд».

Садриддин Айнӣ дар мақолаи Босмачиёни Фарғона кистанд? навиштааст: “Бсмачиҳо на ҳомии дин ва на мухториятхоҳ, меншевик, балки пеш аз ҳама дузд, дузди ғаддор ва яғмогари хунхор буданд”.

Аз ин гуфтаҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ин нохалафон аз давраи буданашон то ба имрўз барои як мақсад – талаву тороҷи мардуми бечора равона буданду халос. Кабирӣ дар рӯзи зоида шудани эътилофаш эълон дошт, ки босмачиҳо ҳамчун қаҳрамонони миллӣ эътироф шаванд. Ӯ ба ҳамкосаҳояш вазифа дод, ки сафед кардани босмачиҳо аз барномаҳои асосии ин Паймони миллаткуш аст.

Ҳар каси солимақл суханронии Кабириро дар ҷаласаи «эътилоф» мутолиа кунад, ҳатман ба хулосае меояд, ки ин даъват ба асри миёна аст. Ба ин маърӯзаи Кабирӣ ду шиор намерасад: «Зинда бод ҷаҳолат, таассуб ва торикӣ!», «Нест бод илм ва маърифат!».

Аз рӯи ҳамин шиорҳо ҳизби наҳзат дар давоми бисту панҷ сол як насли нави ҷавонони тиҳимағзро тарбия карда, ба воя расонд, ки таассуб ва ҷаҳолат дар мағзу устухонашон ҷойгир аст. Аз забони Кабирӣ чанд маротиба ибораи «муборизаи миллӣ-мазҳабӣ» садо дод.

Муборизаи шумо, наҳзатиҳо, на миллӣ буд, на мазҳабӣ. Шумо соли 1992 мазҳабро барои ба даст овардани қудрат истифода бурдед. Ба шумо ҳукумат даркор буд, то ки моликияти умумихалқии ҷумҳуриро, ки он вақт тақсим нашуда буд, ба дасти худ гиред. Шумо  дар бораи кадом муборизаи миллӣ ҳарф мезанед?! Вақте ки пешвоҳои шумо ва муридонашон ҳамон солҳо дар ҳар як амри маъруфашон таъкид мекарданд, ки дар ислом миллат вуҷуд надорад?

Баҳори соли 1929 собиқ беки Ғарм Фузайл Махсум мисли ҳамлаи гургон ба водии Рашт шабохун зад. Мактабҳоро оташ зад, се муаллимаро дар Ҳоит ба дор кашид, ҷавонзани чорумро, ки ҳомиладор буд, мӯйсафедон дар сари дор аз дасти ин ҷаллод бо нолаву зорӣ гирифтанд.

Ворисони Фузайл Махсум соли 1992 водии Раштро Давлати Исломӣ эълон карданд. Ва ҳамаи онҳоеро, ки дар Душанбе донишгоҳ, техникум ва ҳатто ПТУ-ро хатм кардаанд, кофир эълон карда, номашонро дар рӯйхати сиёҳ барои ба қатл расондан сабт намуданд. Пеши роҳи қатли омро қумандон Мирзохӯҷа Низомов гирифт.

Аз рӯи мантиқи Кабирӣ, агар Фузайл Махсумҳо, Иброҳимбекҳо қаҳрамони миллӣ бошанд, пас роҳбарони Тоҷикистони шӯравӣ Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Қаҳҳор Маҳкамов, ки тавонистанд дар зарфи ҳафтод соли шуравӣ потенциали бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар ҷумхурӣ бунёд созанд, бояд кофир ва душмани халқ эълон карда шаванд?!

Таҳкурсии Паймони нав тамоман холӣ аст. Ба киштии нави Кабирӣ рахна пайдо шуд. Инро воқеаҳои ҳафтаҳои охир тасдиқ мекунад. Мувофиқи хабари Вазорати корҳои дохилии ҶТ санаи 15-уми феврал Гадоев Шарофиддин, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо ихтиёри худ аз шаҳри Эйдховени Шоҳигарии Ҳоланд ба Ватан баргашт. Ӯ ба шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳозир шуда, изҳор намуд, ки “Ман аз корҳои кардаам самимона пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан баргаштам…”. Дар идомаи изҳорот гуфтааст: “Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кирдорҳои содиркардаи ман баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Ман даъват мекунам, ки дигар нафароне, ки дар кофтуков қарор доранд, низ баҳри ободии Ватан ихтиёран баргашта биёянд”.

Ин амали ҷавонмардонаи Гадоев Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро ба хиҷолати сахт мононд. Зеро, ки Гадоев дар давоми зиёда аз 6 соли ҳамкорӣ аз фиребу найрангҳо, ҳамкории онҳо бо мақомоти эронӣ ва аврупоӣ бохабар аст. Кабирию ҳаммаслаконаш, хоҷагони аврупоӣ ва эронии онҳо аз фош шудани сиру асрорашон метарсанд. Мисли он, ки идораи марказии разведкаи ИМА аз изҳороти мақомоти Эдвард Сноуден дар ҳарос буд. Онҳо умедвор буданд, ки дар Ватан Гадоевро ба ҳабс мегиранд. Лекин роҳбарияти кишварамон низ нисбати ӯ рафтори ҷавонмардона карданд.

Мамадхӯҷаева. М.Н
муаллимаи калони кафедраи
матиматикаи оли ва
технологияхои инноватсиони

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *