Ҷашни Наврӯзи фархундапай муборак бошад!

Дар ин лаҳзаҳои пурнишот, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи ҷаҳонафрӯз бо қадамҳои сабзи худ фаро расидааст, аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, устодону донишҷӯён ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ин ҷашни фархунда, ки рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлоли маънавии тоҷикон мебошад, самимона табрику муборакбод мегӯям.

Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд:

«Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд. Дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон нерӯи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накӯкорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд».

Воқеан, ҷашни Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон маҳсуб мешавад, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

Аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи Иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд бо дилу нияти пок, бо бунёдкориву созандагӣ ба таълиму тарбияи шоистаи насли наврас машғул гардида, пайваста ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Мо собитқадамона ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон омодагии ҳаматарафа мебинем ва боварӣ дорем, ки ҳама як дилу як ҷон бо саъю кӯшиши созанда барои ободию шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол хидмат менамоянд.

Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар, меҳмонони арҷманд, устодону донишҷӯёни азизамонро шахсан аз номи худ ва аз номи раёсати ДИС ДДТ  ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният намуда, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва барори кор хоҳонам.

Ҷашни Наврӯзи фархундапай муборак бошад!

Наврўзи навбаҳорон бар дўстон муборак,
Ҷашни гулу муҳаббат дар бўстон муборак!

Олимӣ Рауф Латифзода
директори ДИС ДДТТ

4
16
17
18
1
2
3
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
previous arrow
next arrow
4
16
17
18
1
2
3
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *