АНДЕШАИ БАШАРДӮСТОНА ДАР  САТҲИ ЧОРАБИНИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҳодисаҳои даҳшатноки кишвари азиятдидаи ҳамҷавори мо Афғонистон шахси соҳибақлро бетараф намегузорад. Пароканда шудани Ҳукумат дар кишвари Афғонистон ва сари қудрат омадани Толибон воқеияти имрӯза аст. Толибон аксари вилоятҳои Афғонистонро тасарруф намуда, аҳолии ин ҷойҳоро зӯран ба зери итоати худ дароварда истоданд, ки ин тартибот давраҳои ҳуҷуми  босмачиён бар муқобили Ҳокимяти Шӯравиро ба хотир меоварад. Толибон ба кадом шаҳре, ки ҳуҷум накарда бошанд он шаҳрро пур аз  хун, кӯчаҳояшро пур аз ҷасадҳои мурдаи мардумон кардаанд. Албатта, аз дидану шунидани ин хабарҳои даҳшатовар на ҳама сарони давлатҳо қодир ҳастанд, ки худро ба канор накашида, тасмимгариҳои саривақтиро нисбати авзои кунунии Афғонистон мавқеи худро баён намояд. Дар иртибот ба ин, бо сарбаланди ва ифтихорӣ миллӣ қайд менамоем, ки таҷрибаи нодири сиёсӣ ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит менамояд, ки яке аз аввалинҳо шуда, дар ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ – Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба масоили эътидол овардани вазъи Афғонистон тасмими шоистаро роҳандозӣ намуданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои хеш даъват ба амал оварданд, ки намояндагони вилояти Панҷшер  ва Толибо” ба сари як миз нишаста, масъалаи сулҳро бо роҳи осоишта ҳаллу фасл намоянд. Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз суқути давлати Афғонистон ва ғасби ҳукумати ин кишвар нисбат ба гурӯҳи иртиҷоии «Толибон» мавқеи худро ошкоро баён намуда, эълон дошт, ки ҷонибдори ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми неруҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тоҷикон, дар ин кишвар аст. Ҳамин нукта дар суханронии роҳбарони давлатҳои узви созмонҳои СҲШ ва СААД нуқтаи калидӣ буд, ки ишора ба дурустии мавқеи Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон аст . Ба андешаи мо ҷомеаи ҷаҳонӣ, сарони давлатҳо мавқеи пеша намудаи кишварамонро ба инобат гирифта, ҷиҳати пешгирии вайроншавии ҳуқуқҳои мардуми Афғонистон бо ҳокимияти кунунии ин кишвар гуфтушунидҳо ташкил намуда, кӯмакҳои молиявии худро дареғ нахоҳанд дошт. Баробари ин бояд қайд кард, ки таҳкими сулҳ, амният, суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳимояи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои аъзои СҲШ ва СААД дар асоси дастаҷамъӣ, ҳадаф ва принсипҳои асосии созмон эътироф шудаанд ва дар шароити кунунӣ омили муҳими субот ва таъмини амнияти сарҳадоти давлатҳои аъзо медонанд.

Дар фарҷоми андешаи хеш иброз медорем, ки ибтикору ташаббусҳо ва мавқеи сиёсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини  андешаи башардӯстона мебошад, ки онро мо аҳли зиё ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоем!

 

АЮБОВА Д.А.,

ассистенти кафедраи

забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *