РАҲБАРУ АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИ БА ХИЁНАТ ОДАТ КАРДААНД!

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки М. Кабирӣ бо тағйир додани номи ТЭТ ҲНИ ба “Паймони миллӣ” мехоҳад худро дигар кас нишон диҳад. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин тағийротҳо М. Кабирӣ ҷавҳари аслии худро дигар накардааст. Доимо дар фикри табаддулот кардан дар Тоҷикистонро ҳаракат мекунад. Дар баромади навбатиаш бо баҳонаи табрикоти Рамазонӣ худро уламои дин шуморида, рукнҳои дини мубини Исломро дар шакли ғалат тарғиб карда, баробари ин доир ба қазияи Росияву Украина, Афғонистон ва вобаста ба масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти бамиёномада сухан кард. Гӯё ки мушкилотҳои зикршударо ҳал мекарда бошад?! Ин баромаду лофзаниҳо дар сатҳи байналмилалї љоиз нест. Алалхусус бо забони тољикї ва ҳатто дигар забон бошад ҳам. Баробари ин як нуктаро бояд иброз намуд, ки рафтору гуфтори роҳбару аъзоёни ТТЭ ҲНИ бар хилофи таълимоти дини мубини Ислом буда, омили бадномкунандаи муқаддасоти Ислом дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.Хонандаи закӣ дарк мекунад, ки дар мохи Иди Рамазон мусалмони комил бояд бо рафтору гуфтори некро пеша кунад, вале Кабири аз ин амал хеле дур аст.Кораш кофтукоби айби касон асту, дигар шуғле надорад.
Хулоса, Кабирӣ ва пайравонаш натанҳо дини мубини Ислом, инчунин арзишҳои муқаддас, яъне Ватану миллатро фурӯхта, зери пой кардаанд ва ҳатто, барои маблағ шуда, мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул намудааст. Ҳамаи мо аз кӣ будан ва чӣ мақсад доштани Кабирӣ, умуман беватанҳоро медонем, ки онҳо имрӯз низ ҳирсу худхоҳӣ ва табиату тинати ба хиёнат одат кардаашон оромашон нагузоштасту боз ҳам мисли солҳои 90-уми асри гузашта бо супоришҳои хоҷагонашон барои иљрои супориши онҳо кӯшиш доранд. Таъкидан ба Кабирию пайравонаш хотиррасон менамоем, ки имрӯз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд. Дар кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад. Имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланди кишвар баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 25 солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз омодагии ҳаматарафа дида истодаанд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳама дар яқҷоягӣ ҷашни бузурги миллиамонро бо муваффақияту комёбиҳои беназир пешвоз мегирем.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *