ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ вобаста ба баёнияи М. Кабирӣ перомуни “ҷиноҳи низомӣ”

Мо омӯзгорони кафедра зимни изҳоротҳои хеш борҳо нисбати баромадҳои Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ТТЭ ҲНИ- ПМ хулосабарорӣ карда, онро шадидан маҳкум карда будем. Имруз низ вобаста ба суханрониҳои Кабирӣ, ки оид ба масоили ташкили “ҷиноҳи низомӣ”-и мухолифинро як раванди табиӣ” дониста, иддао кардааст ва санаи 9 майи соли равон баёнияи баҳсбарангезашро тавассути шабакаи иҷтимоӣ –навори видиеоӣ шарҳ додаст, ибрози андеша менамоем. Таҳлилҳо собит менамоянд,ки ин навбат низ Кабирӣ худро “донову сиёсатмадор”нишон дода, суханҳои бемантиқона дур аз ҳақиқатро баён дошт. Аз ҷумла, зимни баёниаш қайд кард, иқтибос меорем: “истифодаи қувва ва силоҳ аз ҷониби аксарияти нерӯҳои сиёсии тоҷик, аз ҷумла ҲНИ, дар Тоҷикистон рад мешуд, вале баъд аз ҳодисаҳои Украина ҷаҳон тағйир кард.” Ин чи маънӣ дорад! Хонадаи закӣ бе ягон мушкилӣ дарк мекунад, ки бе ягон шубҳа ин андешаи носолим аст! Аз оқибати он андеша бояд кард! Дар ин робита мисол меорем, ки дар Афғонистон аксари ҳизбу ҳаракатҳо дорои яроқу аслиҳа мебошанд ва мо натиҷаи муборизаҳои онҳоро дар ин кишвари офатзада мушоҳида менамоем. Имрўз ҳаракати «Толибон» дар Афғонистон ҳокимиятро ба даст оварда, мувофиқи талаботҳои худ мамлакати бе он ҳам хароб гаштаро кунун аз ҷиҳати маънавию моддӣ боз ҳам рў ба таназзул мебарад. Баробари ин дар ин кишвар қувваҳои бадхоҳ, яъне сафи террористону экстремистон афзуда, бархе аз онҳо ба мисоли Давлати исломии Ироқу Шом, Ал-Қоида барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд.
Ба вуҷуд омадани воқеаву руйдоди нав дар кишвар ва хориҷии дуру наздик нишон медиҳад, ки роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва думравонаш ба таври комил дастпарвардаву дастнишондодаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани Истиқлолияти сиесӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабиву ғайримилли намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик мебошад. Умуман, баромадҳои Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз боздошти аъзоёни собиқадорони ТТЭ ҲНИ-и миллаткуш ин калому даъвои моро собит месозад, ки ин афрод дар макотиби мазҳабии хориҷӣ таълимоти динию низоми ва диверсионӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум, тирпарронию куштор, тарконидану сӯзонидан ва дар умум тамоми аносири террору қатл ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ корҳо амалӣ намудаанд ва имрӯз онро давом додан мехоҳанд. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар коре надоранд. Хуллас, мақсади навбатии наҳзатиёни фирорӣ, бахусус Кабирии хоин ин иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар аст.Таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *