Конфронси илмӣ-амалии вилоятӣ таҳти унвони “Самаранокии истифодабарии захираҳои об ва саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ-шарти асосии рушди устувор”

Санаи 4-уми марти соли 2019 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Шӯрои олимони ҷавони вилоят конфронси илмӣ-амалии вилоятии магистрантон, унвонҷӯён ва олимони ҷавонро ташкил ва баргузор намуд.

Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Каримов М., директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Олимӣ Р., роҳбари Шӯрои олимони ҷавони вилоят Саидзода Ш., ассистенти кафедраи ҷомеашиносии ДИСДДТТ Ҳошимов Ф., ва ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити ДИСДДТТ Ҷӯраев М., иштирок ва дар мавзӯҳои ”Тоҷикистон кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои об”, ”Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҳалли масоили вобаста ба об” ва “Роҳҳои ташаккули минтақаи озоди вилояти Суғд ва саҳми он дар саноатикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни рафти чорабинӣ сардори Раёсат аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, иброз намуданд, ки “ Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар, фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *