9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти хешро эълон намуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Заминаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ буд, ки 1- сол муқаддам аз ҷониби Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.
Тоҷикистон чун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гашт ва ба узвияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил шуд. Дар соли 1992 санаи 2 марти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти СММ пазируфта шуд.
Мутаассифона моҳи майи соли 1992 бо таъсири нерӯҳои иртиҷоӣ ба истиқлолияти воқеии Тоҷикистон зарба зада, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Хушбахтона моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки тамоми ғайрат ва талошҳои худро баҳри раҳоӣ аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу суботи комил, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона сохт.
Он замони мураккаб ёдовар мешавад – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон бо таъсири ҷанги таҳмилӣ ва дасисаи душманони хориҷӣ метавонист аз харитаи ҷаҳон нест шавад, миллатро парешонӣ ва парокандагӣ интизор буд.
Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳовари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати сарбаланди тоҷик 27 июни соли 1997 ба ваҳдати миллӣ соҳиб гашт.
Мӯминова Раънохон – донишҷӯи курси 2- юми
ихтисоси 250109 -молшиносӣ ва муоинаи мол