Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол

Арҷгузорӣ ба Рӯзи Президент нишони мояи ифтихор доштан аз Пешвои муаззам, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро ин ҷашни пуршукӯҳ барои ҷомеаи навини тоҷик дорои аҳамияти муҳим буда, дар шиноҳти арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ нақши амиқ мегузорад, ормонҳои милливу мардумиро дар худ таҷассум намуда, нақши давлатмеҳварӣ дар ниҳоди ҳамагонро таҳким мебахшад.
Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ шинохта шуда, иқдомҳои Сарвари давлати мо аз қабили соли Оби тоза, даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт, аз хатарҳои глобалӣ эмин нигоҳ доштани сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Моҳи сентябри соли 1999 дар арафаи иди Истиқлолият 1100 – солагии давлати Сомониён ҳамчун арзиши гаронбаҳои мероси таърихӣ дар сатҳи байналмилалӣ ботантана ҷашн гирифта шуд.
30 сентябри соли 1999 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 18-уми иҷлосияи 54-уми СММ раисӣ намуд. Дар як вақти кӯтоҳи таърихӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ осоре ҳам намонда, фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии Тоҷикистон комилан тағйир ёфта, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, Истиқлол ва хушбахтии комил ба даст оварданд. Имрӯз ҳама шукр аз неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ менамоянд ва аз он фахр мекунанд, ки чунин Пешвои мушфиқу ғамхор доранд.

Дадаҷонов Меҳроҷ – донишҷӯи курси 2- юми ихтисоси
250108 -баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *