Изҳороти ассистенти кафедраи назарияи иқтисод Нурматова С. оид ба ифротгароии динӣ ва мубориза зидди бадандешон ва бадхоҳони миллат

Дар ҳама давру замон инсоният баробари доштани дастовардҳои хубу муваффақиятҳо ҳамзамон бо ҳаргуна падидаву ҳодисаҳо ва зуҳуроти номатлуб, ки барои пешрафти ҷомеа монеа эҷод карданашон мумкин аст, дар зиддият қарор дорад.
Ифротгароии динӣ яке аз маъмултарин шаклҳои ифротгароӣ буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва ба ҷо овардани таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Ифротгарои динӣ, маъмулан, аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур рафта, динро рўякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, тибқи чунин фаҳмиш амал карда, аз дигарон низ чунин амалро тақозо менамояд. Яке аз низоъҳои даҳшатнок ин низои динӣ-мазҳабӣ ба шумор меравад. Дар ин навъ низоъ тарафҳо бо хуну ҷонашон меҷанганд ва дар кам мавридҳо пеши роҳи чунин моҷароҳо ба зудӣ гирифта мешавад.
ТТЭ ҲНИ яке аз чунин созмонҳои ифротгароӣ ба ҳисоб рафта бо мақсади ба миён овардани нооромиву ҷангу ҷидол байни халқ аз тарафи хоҷаҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуда буд.
Хушбахтона имрўз мақсадҳои ғаразноки ин ҳизб аз тарафи мақомотҳои қудратӣ ошкор гардида, фаъолияти он дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шуд.
Маҳз сиёсати оқилона ва сулҳпарваронаи ҳукумати кишвар аст, ки имрўзҳо баҳри пешгирӣ намудани авҷёбии терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҷавононе, ки ғайриқонунӣ ба таҳсил ба хориҷи кишвар рафтаанд баргардонида шуданд. Зеро, ошкор карда шуд, ки дар аксар ҳол чунин муассисаҳо ҷавононро дар рўҳияи ифротгароӣ ва экстремистӣ омода менамоянд. Имрўз қисми зиёди онҳо ба ватан баргаштанд ва дар муассисаҳои таълимии кишвар таҳсил намуда истодаанд.
ТТЭ ҲНИ борҳо кўшиш кард то бо роҳи зўроварӣ ҳокимиятро ба даст оварад сохти конститутсионии мамлакатро тағйир диҳад. Аммо чусту чолокии мақомотҳои қудратӣ садди роҳи онҳо гаштанд.
Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад. ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *