Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст….

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

(М. Турсунзода)

Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Чумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҷудоии 25 солаи байни ду давлат ва ду халқ, яъне узбекону тоҷикон барҳам дода шуда, риштаи дустии байни онҳо аз нав ба ҳалқаҳои ҷудонашаванда барқарор карда шуд.

Ниёгони хирадманди халқи мо беҳуда нагуфтаанд,ки

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,

Дар парешонҳолию дармондагӣ…

Имрӯз тамоми руйи оламро вабои нав-коронавирус фаро гирифтааст. Ин вабо барои ҳар як давлат на фақат зарари маънавӣ, балки зарари калони иқтисодӣ расонидааст. Дар чунин лаҳзаҳои душвор дар асоси суҳбати телефонии сарони давлатҳои ба ҳам дӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҷиҳати вазъи эпидемологии минтақа ва ҷаҳон, вазъияти ду кишвар дар робита ба паҳн шудани касалии сироятии коронавируси нав ҷониби Ӯзбекистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона бо дастури Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 144 контейнери сайёри тиббӣ дастрас карда мешавад. Субҳи 8-уми майи соли 2020 нахустин шумораи ин контейнерҳо иборат аз 48 адад ба Душанбе оварда шуд. Ин контейнерҳо пурра аз шароити табобатӣ аз ҷиҳати тиббӣ иборат буда, барои қабули беморони “Ковид -19” мутобиқ гардонида шудааст. Дар ҳамин рӯз аз чониби Ӯзбекистон тайёраи Ил-76 бо лавозимоти тиббӣ (10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, маводи доруворӣ, василаҳои ҳифозатӣ ва ғайра) барои табобати ин беморӣ ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе фуруд омад. Дар баробари ин дар ин тайёра 8 нафар мутахассисони соҳаи табобати бемориҳои эпидемологӣ ба Душанбе омаданд,ки дар бобати ин касалии нав таҷрибаи кофӣ доштанд.

Аз ин пештар аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон 18 вагон маводи ғизоӣ (аз ҷумла орд) ва тиббӣ ба Тоҷикистон кӯмак карда шуда буд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон ин кумаки бағаразонаи давлати бародарро дар ин лаҳзаи ҳассос ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Ин нишонаи дӯстиест,ки на дар сухан, балки дар амал исбот мегардад.

Ҳануз дар рӯзҳои аввали Президети Ӯзбекистон интихоб шуданаш Шавкат Мирзиёев дар сӯҳбат бо вакилони халқ иброз намуда буд, ки агар мо муносибати дӯстонаи худро бо ҳамсоягони худ барқарор накунем, дигар кишарҳо ба дӯстию ҳамкории мо бовар намекунанд.

Бигзори дустии бародаронаи байни халқҳои тоҷику узбек абадӣ бошад!

 

Ҷалолов Н.М. – декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ, дотсент

         Бобоев С.С.   муовини декан оид ба илм, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *