Дар урфият мегуянд: «Гургзода оқибат гург шавад», ки ин ба косалесон ва нонхурони ХНИ ва ҳаракати ба ном «Анҷумани озодандешони тоҷик тааллуқ дорад, рост аст. Аз оғози солҳои 70-80 қарни гузашта ҲНИ бо дархости хоҷагони хориҷии худ ҷавононро ба худ ҷалб намуда, сафи худро дар Тоҷикистон зиёд намуд. Соли 1991 ХНИ расман ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар саҳни сиёсат пайдо гардид. Аммо касе намедонист, ки онҳо нияти нопок доранд. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш руи майдон омаданд. Моҳи сентябри соли 2015 низ амалҳои нобахшидании худро анҷом дода, боиси марги чанд тан бегуноҳон гардиданд. Аммо нақшаҳои тарҳрезӣ намудаи онҳо то охир амали нагардид,ҳама барбод рафт. Дар расонаҳо имрӯз аз таъсиси «Анҷумани озодандешони Тоҷик» хабарҳо паҳн гардидааст. Ин Анҷуман на озодандешон ҳастанд, балки хоинону ватанфурушон ҳастанд. Ин як бозии хом аст. Бо таъсиси ин гурӯҳ онҳо боз ягон нақшаи пуч доранд. Онро хоинону ватанфурушон таъсис доданд. Маҳз Кабирӣ супориши хоҷагонашро амалӣ месозад. Боз ягон хоҷаи хориҷӣ ӯро маблағгузорӣ намудааст. Инчунин онҳо сомонаи ozodandishon.org ки бо хабарҳои ивғоангезонаи худро паҳн мекунанд, фаъол гардид. Мо зидди чунин афроди хоину ватанфуруш муборизаи беамон мебарем. То ин, ки хоинону душманони миллати мо несту нобуд гарданд.
Тоҳирова М.,
н.и.ф.муаллимаи калони
кафедраи забонҳои тоҷикӣ
ва русӣ ДИС ДДТТ