Дини  мубини  исломро  барои  ҳадафҳои нопоки  худ истифода набаред

Авзои сиёсии ҷаҳони муосир пурпечетутоб буда, дар он гурӯҳҳои зиёди иртиҷоӣ, ки зидди ҳукуматҳои қонунӣ ҳастанд, фаъолияти махфӣ ва ошкоро бурда, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқи ва сиёси доштаро ба сафи хеш ҷалб менамоянд, онҳоро бо роҳи амалҳои ғайриқонунӣ сарфарбар месозанд, ки ин ҳодиса яке аз зуҳуроти номатлуб дар мамлакатҳои зиёди дунё мебошад.

Дар бобати ҷавонон ва саҳми онҳо дар ҷомеа Пешвои миллат Асосгузои сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид намуданд, онҳо ба дӯстдоштани Ватан, худшунос будан ва касби хислатҳои ҷавонмардона даъват менамоянд.

Дар  Тоҷикистон  чун  дар  бисёр  кишварҳои  дигар  барои  ба  ҳадафҳои  сиёсӣ  расидан  аксаран  ташкилотҳои  экстремистӣ  ба  эътиқоди  динии шахсон  таъсир  расонида  мардумро  бовар  кунониданиянд,  ки  сиёсати  давлатдорӣ  бар  зидди  ақидаҳои  динии  онҳост  ва  ин  роҳу  воситаро  истифода  бурда,  мехоҳанд  дини  мубини  исломро  барои  ба  ҳадафҳои  нопоки  худ  ноил  шудан  истифода  баранд.  Барои  пешгирии  зуҳури  хама  гуна   падидаҳои  терроризму  экстремизм,  хариду  фурўши  одамон  ва  коррупсия  мо   аз  тамоми  имконот  истифода  мебарем.  Ин  кор  аз  ҷониби  давлат   амалӣ  карда  мешавад,  аз  ҷумла  тавассути  таълиму  тарбияи  дурусти  қонуну  қоидаҳои  ислом,  ки  барои  ин  ҳамаи  шароитҳо  фароҳам  оварда  шудаанд.

Ҳарчанд  Истиқлолият  майдони  фароҳеро  барои  ихтиёдорӣ  ба  қабули  санадҳои  ҳуқуқӣ  дода  бошад  ҳам,  миллатсозиву  ҷомеасозӣ  ва  бунёди  давлати  пешрафта  кори  хеле  мушкил  аст.

Ҳамагуна  ҳаракатҳои  динии  ифротгаро,  на  барои  ислоҳи  шуури  динӣ  аз  дохил,  балки  барои  вайрон  кардани  асосҳои  дин  дар  ҷомеа  ва  ниҳоят  барои  амалӣ  сохтани  мақсадҳои  сиёсӣ  таъсис  ва  таҳмил  дода  шудаанд.  Бо  сўиистифода  аз  эътиқоди  мардуми  мусулмони  ноогоҳ  мехоҳанд  ҳадафҳои  сиёсии  худро  амалӣ  созанд.

Аз  таърих  маълум  аст,  ки  дини  ислом  дар  густариши  ҳаракатҳои  миллӣ – озодхоҳӣ  нақши  муҳим  бозида,  вале  аз  ҷониби  гурўҳҳои  ифротӣ  барои  барангехтани  мунокишаҳои  сиёсӣ – динӣ  низ  истифода  шудааст.  Аз  ҷумла  баъзе  ҳаракатҳои  динӣ  ҳамкориҳоро  бо  кишварҳои  ғарб  намепазируфтанд  ва  ҳукуматҳои  ғарбгароро  бо  куфр  гунаҳкор  мекарданд,  вале  кишварҳои  мусулмонии  кафомонда  маҷбур  буданд  ҳамкории  иктисодӣ  ва  илмӣ – техникиро   бо  ғарб  ба  роҳ  монанд,  зеро  дар  кишварҳои  шаркӣ  ҳанўз  ниҳодҳои  иктисодии  устувор  вуҷуд  надоштанд,  ки  барои  рушди  ҷомеа  мусоидат  намоянд.  Тадриҷан  мақсадҳои  ниҳоии  ин  ҳаракатҳои  озодихоҳӣ  тавонистанд  онҳоро  якҷо  кунанд  ва  ин  раванд  дар  ташкил  гардидани  кишварҳои  Яман,  Либия,  Лубнон,  Урдун  татбики  амалии  худро  ёфт.  Аммо  дар  Туркия  бошад,  арзишҳои  миллӣ  хусусияти  умумидавлатӣ  дошта,  давлат  барои  интишори  забону  фарҳанги  миллӣ  аз  ҳисоби  буҷаи  давлат  маблағи  зиёд  сарф  мекунад,  яъне  меҳвари  асосии  тамоми  барномаву  накшаҳои  илмӣ,  фарҳангӣ  ва  динӣ  рушди  илму  маорифи  миллӣ  аст.

  Баротова Н.,

                                                        дотсенти кафедраи назарияи иктисод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *