Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ як силсила мақолаҳо ба нашр расиданд, ки ҳадафи асосии онҳо туҳмати рӯирост ба Ҳукумати кишвар мебошад. Мақолаҳои “Ихтиёран баргард! Бар зидди Темури Варқӣ парванда кушоданд”, “Суиқасд ба ҷони Муҳиддин Кабирӣ”, “Интиқом шуруъ шуд…” дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои шадидро ба амал оварданд. Мо ҳама хуб медонем, ки чаро чунин мақолаҳо ба нашр мерасанд ва аслан онҳо ба ин васила мехоҳанд обруву нуфузи кишвари азизамонро дар арсаи байналмилал коста гардонанд. Аммо солҳои охир Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар ҳама самтҳо мушарраф гашта истодааст, ки ин ҳама самараи сулуҳу оромӣ ва ваҳдату якдилии мардуми кишвар аст. Бадхоҳони миллат ин ҳама комёбиву дастовардҳоро дида наметавонанд.
Дар рӯзҳои охир мардум огоҳанд, ки ҳизби наҳзати ислом тайи чанд сол лиқои қалбакии худро пӯшида мардумфиребиро шуғл карда буд. Рукнҳои дини мубини исломро др шакли ғалат тарғиб карда, ба чашми одамон хок мепӯшиданд.
Вале имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломиро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда мардумро огоҳ мекунанд, ки дигарбора ба доми фиреби ин нохалафони миллаткуш наафтанд. Зеро аз марҳилаҳои пайдоиш то баста шудани ин ташкилоти террористӣ ягон аъзову пайрави он барои ободонии Ватан ягон қадре ҳам саҳме нагузоштааст, ки инро вақт исбот намуд.
Ба фаъолияти ин ташкилоти террористӣ агар назар афканем мушоҳида мешавад, ки касе ба ин ташкилоти ифротгароёна шомил шуд, тақдири ояндааш сӯхт. Яъне ё паси панҷара рафт ва ё бехонаву дар шуд, ё аз зану фарзандонаш ҷудо шуд, ё зану фарзандонашро бо дасти худ ваҳшиёна ба қатл расонид ва ё дур аз Ватан ба ёди ёру диёр ҳамчун саги девона умр ба сар бурда истодааст.
Аз фаъолияти ин ташкилот маълум аст, ки касе ки аз ин ташкилот ҷонибдорӣ кард аз доираи одамигарӣ берун шуд ва дар забон номи поки Худо даст ба амалҳои бешарафонаву разилона ба мисли одамкушиву террористӣ, қатлу куштор, фаҳшу зино ва амалҳои разилона даст зад, ки боиси нафрати тамоми мусалмонон гардид. Дар ҳақиқат имрӯз ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба як манбаи даҳшатафканиву террористтайёркунӣ табдил ёфта, боиси барангехтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шуда, мардумро ба сӯи нооромиву ноумедиҳо мекашанд.
ҲНИ хизби ноком, ки худро зери ниқоби дини мубини ислом гирифта, бо сўистифода аз номи Худованд мехоҳад ба ҳокимият ноил гардад, аммо дар таҷриба исбот гардид, ки ҷомеаи Тоҷикистон аксарият мусулмон буда, ба ин ҳизб ниёз надорад ва мардум дигар ба ваъдаю дасисаҳои он бовар надоранд.
Мардуми Тоҷикистон ба ин ҳизби наҳзати ифротгар ва дигар ташкилотҳо ниёзмандие надорад.
Мусаллам аст, ки ҷомеа ва кишваре, ки насли наврас ва ҷавононашон аз тарбияи муттассил дар каноранд, ояндаи хуб надорад ва ҳамеша бо муноқишоту ҷинояткорӣ рӯ ба рӯ мебошад ва моро зарур аст, ки аз ин бешарафони бадтинат дурӣ ҷуста нагузорем, ки фазои ороми муқаддаси Ватанамонро дубора ғуборолуд кунанд, ба ҷомеаи орому солими мо зарар нарасонанд.
Кафедраи забонҳои
хориҷии ДИС ДДТТ