Пешгирии падидаҳои номатлуб аз қабили гаравиши ҷавонон

      Санаи 25-уми марти соли 2023 вохўрии кормандони Шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо устодон ва донишҷўёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили гаравиши ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта баргузор гардид.

Вохўриро муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ н.и.ф., дотсент Аҳророва Гулчеҳра оғоз намуда, аз хатарҳои ҷиноятҳои террористию экстремистидошта ёдовар шуд.     Сипас, кормандони Шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Ҳайдарзода Ҷамшед ва подполковники милитсия Ҳусейнзода Беҳрўз  вобаста ба хатарҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он суханронӣ намуданд.

     Ҳайдарзода Ҷамшед, бо маърўзаи пурмуҳтаво баромад намуда, оид ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар шароити  муосир терроризм ва экстремизм яке аз хатарҳои умумиҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад ва ба амнияту суботи ҳар як давлат таҳдид менамояд. Инчунин, мавсуф аз воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта, махсусан ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, оқибатҳои фоҷиабори терроризму экстремизмро бо мисолҳои мушаххас таъкид намуд. Даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як нафар бояд шукронаи оромию осудагии Тоҷикистони азиз намояд ва дар самти пешгирии хатарҳои ҷаҳони муосир саҳмгузор бошад.

     Ҳамзамон зикр гардид, ки имрўз технологияҳои информатсионӣ махсусан телефони мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳаёту фаъолияти ҳар як нафар ворид гардида, ҳамчун иттилоърасон васеъ истифода мегардад. Аз ин рў, зарур аст, ки дар самти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан ҷавонон хеле ҳушёру зирак бошанд ва ба доми фиреби ташкилотҳои террористию экстремистӣ наафтанд. Зеро ташкилотҳои террористию экстремистӣ бо навору роликҳои таблиғотӣ ва вайронкунандаи мафкураи ҷавонон баромад намуда, онҳоро ба ҷониби худ моил мекунанд.

     Сипас, подполковники милитсия Ҳусейнзода Беҳрўз бо маърўзаи пурмуҳтаво баромад намуда, 25 ташкилот ва созмонҳои террористӣ-экстремистиро номбар кард, ки фаъолияти онҳо бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Мавсуф дар охири маърўзаи худ ҳозиринро ба муқовимат бар зидди терроризму экстремизм даъват намуд.

  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *