¶ 1 Leave a comment on paragraph 1 0
¶ 2 Leave a comment on paragraph 2 0 Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол зимни андешаҳои хеш борҳо нисбати раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва думравонаш гуфта будем ва боз такрор ба такрор иброз медорем, ки бадномкуниҳои шумо ва тӯҳматҳои ноҳақӣ шуморо нисбати давлату миллат беасосос меҳисобем ва онро маҳкум хоҳем намуд. Баробари ин, қайд менамоем,ки миллату давлат барои хоинони ватан бегона аст, бо роҳи санг задан ба Ватан маблағҳои нопоки хоҷагонашро ба даст мегиранд. Имрӯзҳо хоинони ватан,бахусу Муҳиддин Кабирӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо видеомуроҷиатҳои худ сухан ронда мехоҳад ҷавононро ба доми фиреби худ кашонад. Аммо кирдори ин ноқобилон ҳамеша мавриди маҳкумият қарор мегирад.
¶ 3 Leave a comment on paragraph 3 0
¶ 4 Leave a comment on paragraph 4 0 Бояд Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш донанд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанро, ки аз меваҳои шаҳдбори сулҳу субот ва Истиқлол ва ваҳдати миллӣ чашидаанд, дигар гумроҳ наметавон кард, зеро мо ҷавонон пайравони асил ва номбардори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем, ҳастем ва хоҳем монд. Берун аз Ватан ва дар орзуи ҷоҳу ҷалол аз вайронкориҳои худ ва ҳаммаслакон ёд кардаву аз мардумозориву мардумро овораю саргардон карданҳо ёд кардан орзуи ҳамешагии шумост ва бидонед, ки дигар ба мақсад нахоҳед расид. Имрӯз мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумати он аз мақсадҳои ин гуна мардуми худпарасту мардумбезор ва ғаддору вайронкор хуб огаҳӣ доранд ва нахоҳанд гузошт, ки ба мақсад расед ва як тори мӯи мардуми Ватанро биканед. Миллати тоҷик, ки тӯли қарнҳо арзи ҳасти намудааст, имрӯз низ мақому манзалати хешро дар байни дигар давлатҳо дар арсаҳои баландпояи ҷаҳони муаррифӣ менамояд ва Тоҷикистон чун ба маънои томи худ тоҷдор бо халқу мардуми куҳантамаддунаш бо пояҳои устувору мустаҳкам ҷовидона боқӣ мемонад.
¶ 5 Leave a comment on paragraph 5 0 Ф.ҚУРБОНОВ ,
¶ 6 Leave a comment on paragraph 6 0 мудири бахши кор бо
¶ 7 Leave a comment on paragraph 7 0 ҷавонони ДИС ДДТТ