ТТЭ ҲНИ – КӮРСАВОДОНИ БЕГОНАПАРАСТ

 Таърих гувоҳ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аллакай дарк намудааст, ки воқеан кишвари азизи мо – Тоҷикистон дар тамоми самтҳо рӯ ба пешравӣ дорад. Таҳлили вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ худ гувоҳи пешрафт ва марҳила ба марҳила беҳтар шудани сатҳи зисту зиндагонии аҳолии кишвар аст. Бидуни замон, ҷомеаи ҷаҳонӣ Сарвари давлати моро ҳамчун сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ мешиносад. Вале, ин ҳама пешравиҳо бевосита, барои ТТЭ ҲНИ ва амсоли ин  ташкилотҳои экстремистии мамнӯъ дар кишварамон, ки бо наҳзатиҳо  ҳамкорӣ менамоянд ва ҳамчунон ҳаммаслаку хоҷагонашон таҳти роҳбарии Муҳиддини Кабирӣ хушоянд нест.

   Имрӯз аз роҳбарияти ТТЭ ҲНИ  то ҳамммаслакону думравонаш дар кишварҳои Аврупо қарор дошта, ба худ хулосаи зарурӣ набаровардаан ва бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда,  иғво барангехта, мехоҳанд сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намоянд. Бояд қайд кард, ки воқеан халқи азизи Тоҷикистон, ҳатто ҷаҳони муосир дарк намудааст, ки мақсаду мароми ин тӯдаи бо ном мухолифи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, марому ормонҳои мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон набуда, балки ҳадафҳои нопоки хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ буда, ҳадафи асосӣ ноором сохтани фазои сулҳу суботи кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Чаро мо  маҳз номи ТТЭ ҲНИ-ро ба забон овардем, чунки таърихи башар исбот кардааст, ки ҳама абарқудратҳо маҳз бо таъсису ташкил намудани ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломиву характери динӣ дошта, бо маблағгузориҳои ҳангуфт, дар ин ё он давлатҳои рушдкунанда ва маҳз ба давлатҳои бо ном Исломӣ, ҳадафҳои ниҳоии худро роҳандозиву амалӣ менамоянд, ки дар ҳама ҳолатҳо ба манфиати мардуми оддии мусулмон набудааст.

Имрӯз дунёро накӯ бингарӣ ҳама панд асту мо қариб, ки 24 соати шабонарӯзӣ дар шабакаҳою сомонаҳои интернетӣ мебинему мехонем, ки худи Муҳиддин Кабириву пайравонаш, албатта бо сад фоиза дастгириву маблағгузории хоҷагонаш аз хориҷи кишвар ба роҳбарияти кишварамон санги маломат мезананд, ки ин хоҳу нохоҳ обрӯву нуфузи миллату давлати моро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардонад. Ин тӯдаи кӯрсаводон, бегонапарастӣ намуда, ҳеҷ гоҳ андешаи нуфузи миллатро намекунанд, танҳо онҳо бо ин васила мехоҳанд нафси худро қоневу ҳокимиятро ба даст оранду мардумро ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷагонашон созанд. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дар ҳамаи наворҳои дурӯғини иғвоангез бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Онҳо медонанд, ки имрӯз аксариати мардуми кишвар, алалхусус муҳоҷирону ҷавонони даврони муосир бо шабакаҳои иҷтимоӣ пайваст ҳастанд ва барои онҳо сайтҳову сомонаҳои тоҷикии шабакаҳои интернетӣ майдони калони таблиғу ташвиқи ақидаҳои ифротист. Бо дарназардошти ҳамаи ин афзалияти калони шабакаҳои иҷтимоиро истифода мебаранд, то ки мардуми кишавари худро мағзшӯйи бикунанду зидди сиёсати давлату ҳукумат бишуронанд. Албатта, барои ин корашон аз хоҷаҳояшон маблағҳои калон гирифта истодаанд, аммо ин дер давом намекунад, подоше, ки онҳо сазоворанд шармандавор аз сӯи хоҷагонашон ҳатман мегиранд.

Ин ҳама навиштани андешаро мо аз рӯи ҳавову ҳавасе не, аз рӯи васфу лагандбардорӣ бар касе не, балки аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаему, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза мегирем. Зеро ин худ неъмати Иллоҳиву бебаҳоест, ки мо миллати тоҷикро бо рушду тарақиёти соҳаҳои мухталифи ҷомеаи имрӯзаамон ба қуллаҳои баланд бурда мерасонад.

Ҷ.Ҷӯраев,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *