ПАЁМ ВА МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ КИШВАР

1 Leave a comment on paragraph 1 0 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 21-уми декабри соли ҷорӣ ироа гардид фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад. Дар он бурду бохти ҳамаи самтҳо ва дурнамои рушди ояндаи онҳо тавзеҳ дода шуд. Соли 2021 барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда маҳсуб меёбад. Дар Паёми қаблии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-уми январи соли ҷорӣ таъкид намуда буданд, ки бо омилҳои густариши КОВИД-19 ва ба вуҷуд омадани буҳрони иқтисодӣ соли 2021 яке аз солҳои душвортарин барои мардуми мо хоҳад буд. Аз ин рӯ, вобаста ба ин масъала дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд. Пас аз ироаи Паёми навин равшан гардид, ки мардуми тоҷик дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари хеш фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ин соли мушкил ба дастовардҳои бузург ноил гардидаанд.
Дар Паёми навбатӣ дастовардҳои кишвар дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ,таҳлил, муқоиса ва баррасӣ гардиданд. Равшан гардид, ки дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дастовардҳо назаррас мебошанд. Он гунае ки ба назар расид, дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шудааст. Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо намудааст.
Ҳамчунин, дар ин давра дар кишвар 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамасола дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо амалӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шудааст, ки қариб 4 баробар афзоиш ёфтааст.
Яке аз масъалаҳои муҳим дар кишвар баромадан аз бунбасти камуникатсионӣ ба ҳисоб мерафт, ки Ҳукумати кишвар ин самтро ҳадафи стратегии худ қабул намуд ва барои баромадан аз он кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод. Маҳз ин талошҳо буд, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳадафи дигари стратегии кишвар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад, ки дар ин соҳа низ пешравиҳои зиёде ба назар мерасанд. Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардида, беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд карда шудааст.
Дар сиёсати пешгиифтаи Ҳукумати кишвар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ мегарданд ва дар ин давра ҷиҳати рушди соҳаҳои мазкур аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар соҳаи илму маориф дар ин муддат 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуда, дар соҳаи тандурустӣ 2723 иншоот, ки аз ин шумора 1546 иншоот ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Агар дар соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас ҳоло дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ бо 78 800 корманд фаъолият дорад. Дар се соли охир ба муносибати 30–солагии истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1858 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Умуман дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шудааст.
Ҳамчунин, барои пешрафти зиндагии мардум ва дастгирии соҳибкорон дар ин давра шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар ба 63 ва воҳидҳои сохтории онҳо ба 1850 расида, сармояи низоми бонкии кишвар нисбат ба соли 2000-ум 130 баробар афзоиш ёфта, ҳаҷми пасандозҳо қариб 100 баробар зиёд шуда, ҳоло бақияи онҳо 10 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 117 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2360 адад расонида шуда, танҳо дар соли 2021-ум 256 коргоҳу корхонаи нав бо 2500 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намудааст.
Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр намуданд, “Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад”. Дар ин самт соли соли 2021 дар кишвар дар ҳаҷми 12,2 миллиард сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ ба иҷро расидааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 20 фоиз зиёд мебошад.
Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар баробари амалисозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҷиҳати дастгириву пешрафти бахшҳои мухталифи соҳа як қатор барномаҳоро қабул ва амалӣ намудааст. Барои рушди соҳа дар ин давра аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 18 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 9,4 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Чунин дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои пешниҳодшуда боиси рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ гардиданд.
Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои рушди соҳа дар замони истиқлолият майдони боғу токзор дар мамлакат 3,6 баробар ва истеҳсоли меваю ангур 4,3 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар қатори соҳаҳои зикргардида дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар низ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардидаанд.
Ба ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастурҳову супоришҳои барои панҷ соли оянда ва фаротар аз он имкон медиҳад, ки Тоҷикистони азизамон то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ бесобиқа рушд намояд.
Вобаста ба ин, ҳар як сокини кишварро мебояд, ки дар иҷрои дастур ва супоришҳои дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии кишвар ироагардида камари ҳиммат бандад ва барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар саҳмгузор бошад.

2 Leave a comment on paragraph 2 0 Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *