ПАЁМИ УМЕДБАХШ

Пеш аз оғози сухан вобаста ба Паёми Пешвои муаззами миллат сшукрона мекунем, ки кишвари мо соҳибистиқлол шуд ва зиёда аз 30 сол аст, ки дар партави дастуру раҳнамоӣ ва ташаббусҳои беназири Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад, мешиносанд. Мо медонем, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол чӣ қадар мушкилиҳо, даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ, марҳилаи бунёдии давлатдории миллиро паси сар намуда, ба марҳилаи нави давлатдорӣ – марҳилаи рушди устувор ворид гардидааст. Марҳилаи ҳозираи рушди кишварамон низ замони барои мо мушкилро дар бар мегирад. Соли камҳосилии 2015 бар асари баҳори сард, ду соли падемияи “Ковид 19”, бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, ки ба паст шудани қурби асъорамон сабаб шуд, мисолҳои он мушкилиҳое мебошанд, ки мо роҳи ҳалли онро ёфта, паси сар намуда истодаем.
Воқеан Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нави замони Истиқлол буда, ҳоло ба ҳукми анъана даромада, ҳар сол онро интизораш мешавем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Зимни суханронии хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуда, таъкид карданд, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон имруз вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд. Алалхусус афзои кишварҳамсоя Афғонистон торафт шиддат гирифта истодаанд. Таъкид шуд, ки зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд. Пешвои тоҷикони ҷаҳон аз оғози сар задани низоъ дар Афғонистон хоҳони бо роҳи мулоқот ва музокирот ҳал кардани низоъҳо буданд.Масалан Пешвои муаззами милат санаи 16- 17 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар рафти ҷараёни чорабиниҳо дар Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин росто, таҷрибаи нодири сиёсӣ ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тасмимгириҳои саривақтӣ оид ба вазъи Афғонистон дар ҷаласаҳо ба зуҳур омад. Пешвои муаззами миллат зимни музокироти сатҳи олӣ дар доираи нишасти созмонҳо ва мулоқот бо роҳбарони давлатҳо бори дигар аз мавқеи Тоҷикистон дар масоили эътидоли вазъ дар Афғонистон пуштибонӣ карданд. Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз суқути давлати Афғонистон ва ғасби ҳукумати ин кишвар нисбати ҳаракати «Толибон» аввалин шуда, мавқеи хешро ошкоро баён намуда, эълон доштанд, ки ҷонибдори ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми неруҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тоҷикон, дар ин кишвар аст. Давлатҳои аъзои СҲШ, СААД ба ин натиҷа расиданд, ки танҳо ташкили ҳукумати ҳамашумул метавонад низом дар ин кишварро ҷорӣ намуда, таҳдиди хатарҳоро коҳиш диҳад. Ҳамин нукта дар суханронии роҳбарони давлатҳои узви созмонҳои мавриди назари кишвари мо нуқтаи калидӣ буд, ки ишора ба дурустии мавқеи Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон аст. Метавон қайд кард, ки барои ҷасорату ташаббуси Пешвои маҳбуби миллат, ки барои манфиати тоҷикони бурунмарзӣ ва барқарор гаштани сулҳу субот барои ҳаммиллатонамон мекунанд, воқеаи нодир аст.
Зимни суханронии хеш Пешвои муаззами миллат вобаста ба ваъзи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус масоили Афғонистон ба ҳамин хотир иброз дошта таъкида карданд, ки ҷавонони кишвар дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Баробари ин хотирнишон карданд, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад.
Дар фарҷамо андешаи худ бо боварии комил метавон қайд кард, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки аз Паёми навбатиашон зикр намуданд, хар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон минбаъд низ дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона ширкат намуда, дар муаррифии давлати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолият саҳми беандозаи худро гузошта, барои рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш кӯшиш менамоянд ва бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сафарбар месозанд.

И. ИБРОГИМОВ,
дотсенти кафедраи математекаи олӣ
ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *