Ғолибият дар маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавобон”

Санаи 24 декабр дар “Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ” бозии финалии Лигаи хуҷандии маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” баргузор гардид, ки дар он се дастаи пурзӯртарин: дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дастаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи 5 номинатсия барои ғолибият бо ҳам рақобат намуданд.
Дастаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар маҳфили ниҳоии “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” маҳорати баланди ҳунари зарофатгӯии худро нишон дода, соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.

IMG_2440
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *